16:48:14 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Чеҳраи хабарсоз ба истеъфо рафт

Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз мақом барканор шуд ва курсиро ба Гавҳар Шарофзода, собиқ ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ супурд.

dodikhudo 54569898Додихудо Саймиддинов аз чеҳраҳоест, ки ҳар гуфтаи ӯ баҳсбарангез мешуд ва ӯро хабарсоз мекард.Тарҳи нави қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, бо вуҷуди як баҳси забонӣ буданаш, дар соли 2010 Додихудоевро дар маркази баҳсҳои мухолифу тарафдор қарор дод.

Дар посух ба ин баҳсҳо,  бахусус ба сари ҷойгоҳи ҳарфи “ӯ” Додихудо Саймуддинов гуфта буд, ки тарҳи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ бояд бар асоси меъёрҳои илмиву таърихӣ сохта шавад на бар пояи меъёрҳои гӯиши кадоме аз минтақаҳои алоҳидаи тоҷикзабон. Ӯ ҳамчунин забони қонунгузории Тоҷикистонро муғлақу нофаҳмо ва забони донишҷӯни мадрасаро беҳтар аз забони баъзе мақомдорон унвон карда буд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармони дигар Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи кишварро ба ҷои Мамадшо Илолов президенти Академияи улуми Тоҷикистон таъйин кардааст.

Мамадшо Илолов, аз соли 2005 инҷониб дар симмати президенти Академияи улуми Тоҷикистон кор кардааст. Илолов то таъин шуданаш ба мансаби президенти Академияи улум аз соли 2003 вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ буд.

Академияи илмҳои Тоҷикистон дар соли 1951 дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ таъсис шудааст. Нахустин президенти Академияи улуми Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ буд. Донишмандони маъруфи тоҷик Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимӣ низ дар марҳилаҳои гуногун раҳбарии ин ниҳоди илмии кишварро ба ӯҳда доштанд.

Дар авоили соли 2011 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, 10 Пажӯҳишгоҳи Фарҳангистони улуми ин кишвар дар 5 пажӯҳишгоҳ муттаҳид шуд. Ин иқдом дар чаҳорчӯби ислоҳоти сохториву маъмурии Фарҳангистони улум ба амал омад, ки ҳарфаш аз чанд сол қабл дар забонҳо уфтода буд.

Аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи наботот бо Пажӯҳишгоҳи физиология, Пажӯҳишгоҳи иқтисод бо Пажӯҳишӯгоҳи демография, геология бо зилзилашиносӣ, давлат ва ҳуқуқ бо фалсафа ва Пажӯҳишгоҳи шарқшиносиро бо Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт як кардаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi