22:06:41 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Маҳфили хотирмон ва муфид

Чанд сол мешавад, ки ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода дар бобати гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо мактаби миёнаи рақами 54-и ба номи Лоиқ Шералӣ ҳамкории судманд дорад. Ҳар сол аз гурӯҳҳои забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ донишҷӯёне, ки дар ихтисоси омӯзгорӣ таҳсил мекунанд, сабақҳои нахустини пешаи омӯзгориро ҳаминҷо аз бар мекунанд.

valy-samad-45841154Боиси қаноатмандист, ки аксарияти таҷрибаомӯзони оянда нисбат ба касби интихоб кардаи худ дили гарм ва рӯҳияи тоза доранд. Хусусан, донишҷӯёне, ки дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик мехонанд, доир ба гузаронидани чорабиниҳои синфию беруназсинфӣ ва умумимактабӣ иқдомҳои ҷадид роҳандозӣ мекунанд. 9 декабри соли ҷори дар ҳамбастагии даҳ нафар таҷрибаомӯзи донишкадаи забонҳо бо хонандагони мактаб чорабинии бошукуҳе бахшида ба ғазалиёти устод Лоиқ таҳти унвони "Аз ман умри дубора хоҳад монд" гузаронида шуд.

Албатта диду назари хонандаи мактаб ва донишҷӯ тафовуте дорад, хусусиятҳои тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ дар нигоҳи онҳо тобишҳои мухталифе пайдо мекунад. Аммо ҳамин маҳфили адаби бадеӣ ошкор намуд, ки омӯзиши андешаҳои донишҷӯ ва хонанда самараи хубе ба бор меорад. Раҳнамоӣ ва дастгирии бевоситаи директори мактаб Ёрова Раъно, роҳбари таҷрибаомӯзони ДДЗТ Шербой Саидбой ва муаллимон Зебуннисо Қутбуддинова, Фирӯза Исмоилова иштирокчиёни чорабиниро таҳрики ҷиддӣ мебахшид.

Маҳфил дар толори фарҳангии мактаб бо иштироки меҳмонони арҷуманд муовини ректори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода Абдусамад Муллоев, адабиётшинос Валӣ Самад, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ ва шоира Бону Шокирова ботантана ва хотирмон гузашт. Ғазалҳо, таронаҳо, ёддоштҳо ва хотираҳое, ки ҳамагӣ марбут ба устод Лоиқ буданд, ба табъи ҳозирин писанд афтод ва бори дигар бузургӣ, ватанпарастӣ ва дарёдилии ин шоири барӯманди асри XX-и миллатамонро ба ёди мо овард.

Лаҳну оҳанги нотакрори Хосияти Зарафшонӣ ба ғазалҳои устод ба ҳам омада ҳамаро волии шеъру шоир кард ва дар охир дӯсти наздики устод адабиётшинос Валӣ Самад шиори дӯстдоштаи Лоиқро ба миён партофт: "Зиҳӣ шоир! Зиҳӣ шеър!"

Исмоилова Фирӯза, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУрақами 54 ба номи Лоиқ Шералӣ

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi