22:19:12 24-уми Августи 2025 сол
Боздошти як тоҷик дар Маскав бо иттиҳоми "бачабозӣ" 05.11.2013 17:01 1107
Пулиси Маскав аз боздошти як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми педофилия (бачабозӣ) хабар дода, мегӯяд, ин рассоми тоҷик нисбат ба дастикам 4 кӯдаки аз 3 то 9-сола ҳаракатҳои зӯроваронаи шаҳвониро раво дидааст.Раёсати “К”-и вазорати умури дохилаи Русия, ки ба таъқиби ҷиноёти кибернетикӣ ...
Тоҷикистон хостори таҷлили ҷаҳонии 3000-солагии Ҳисор шуд 01.11.2013 09:51 2589
Ҳукумати Тоҷикистон бо ирсоли нома ба СММ хостори таҷлили ҷаҳонии сеҳазорумин солгарди бунёди Ҳисор шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи машваратии корӣ омодагӣ ба таҷлили 3000-солагии Ҳисорро баррасӣ намуд.Гуфта мешавад, ки ин ҷашнвора моҳи сентябри соли 2015 баргузор мегардад ...
Коргардон аз душманӣ бо Пайғамбар (с) пушаймон шуд 01.11.2013 09:49 973
Коргардони машҳури ҳолландӣ Орнуд Фондур аз он ки дар филми "Фитна" ба бузургтарин навъи башар, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) тавҳинро раво дида буд, эълон кард, ки аз карда сад бор пушаймон шудааст ва ҳоло ният дорад бо наворбардории филми дигар ин чеҳраи нуронии таърихи башарро мусбӣ ва барҷаста тасвир кунад.
Намоиши филмҳои ҷопониву лаҳистонӣ дар кинотеатри ба номи Ҷомӣ 01.11.2013 09:47 926
Дар кинотеатри ба номи Ҷомии пойтахти кишвар аз 23 то 26 октябри соли равон ҳафтаи синамои Лаҳистон ва 26 ва 27-уми октябр рӯзҳои синамои Ҷопон баргузор гардид.Сокинони пойтахти кишвар тӯли се рӯз имкон доштанд бо беҳтарин филмҳои истеҳсоли Лаҳистон ошно шавад. Аз сафорати Лаҳистон дар Тоҷикистон ба "Рӯзгор" гуфтанд ...
Вохӯрии Латиф Пидром бо аҳли зиёи Тоҷикистон 26.10.2013 11:58 992
Дидору вохӯриҳои Латиф Пидром, шоир, нависанда ва сиёсатмадори кишвари ба мо ҳамсоя ва дӯсти Афғонистон бо фарҳангиёну зиёиёни тоҷик ҳини сафарҳои хусусӣ ва эҷодияш ба Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада истодааст. Ахири ҳафтаи гузашта бо ибтикори Латиф Пидром дар тарабхонаи «Сарез» як дидорбинии хотирмони ӯву аҳли эҷод ва зиёи тоҷик ....
Сарони Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд дар Минск ҷамъ омаданд 25.10.2013 14:13 863
Дар шаҳри Минск бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ифтитоҳ шуд. Дар маросиме ба ин муносибат раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини нахуствазири Белорус Анатолий Калинин ширкат доштанд.Ба иттилои сомонаи president.tj, бинои нави сафорат сеошёна буда ...
Даргузашти модари Ёқуб Салимов 25.10.2013 14:10 916
Бино бар хабарҳо, Ашӯрбӣ Салимова, модари Ёқуб Салимов,собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар синни 88-солагӣ ва бо алами фарзанди маҳбусаш даргузаштааст.Наздикони Ёқуб Салимов мегӯянд, ки марги Ашурбӣ Салимоваи 88-сола ногаҳонӣ буда, ба илллати бозистодани дилаш ба вуқӯъ пайвастааст.
54% будҷаи соли ояндаи Тоҷикистон "иҷтимоӣ" хоҳад шуд 23.10.2013 17:14 833
Парлумони Тоҷикистон бо аксарияти орои вакилон будҷаи соли 2014-ро дар ҳаҷми 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ ё тақрибан 2,9 миллиард доллар қабул кард.Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 23-уми октябр лоиҳаи...
Боздошти як додрас дар Суғд бо ҷурми фасодкорӣ 22.10.2013 16:22 923
Мақомоти мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон як додрасро ҳангоми ришваситонӣ боздошт кардаанд. Сӯҳроб Қоҳирӣ, як масъули Оҷонсии назорати давлатӣ ва мубориза бар зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 22-юми октябр ба мо гуфт, Дилшод Рафиев, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти ...
Нимпайкараи Айтматов ва Фирдавсӣ дар китобхонаи Рудомино 21.10.2013 17:45 928
Рӯзи 24-уми октябри соли равон дар китобхонаи адабиёти хориҷии ба номи М.И.Рудоминои Маскав нимпайкараи адиби шинохтаи қирғиз Чингиз Айтматов гузошта мешавад. Дар ин бора РИА новости истинодан ба сафорати Қирғизистон дар шаҳри Маскав хабар дод. Пайкара аз ҷониби ҳайкалтароши машҳури рус Георгий Франгулян офарида шуда, дар галереяи пайкараҳои адибон ...
Анҷоми озмуни «Ҷомеа ва нашъамандӣ» дар театри Ҷавонон 21.10.2013 17:43 898
Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои халқӣ бо номи «Ҷомеа ва нашъамандӣ», ки дар театри Ҷавонони ба номи М.Воҳидов рӯзи 14 октябр оғоз гардида буд, ба анҷом расид.Дар озмун даҳ намоишнома аз театрҳои манотиқи гуногуни кишвар иштирок карданд. Аз ҷумла, ҳунармандони театри халқии ноҳияи Ҳисор намоишномаи «Модар маро бубахш»-ро пешниҳод ...
Таъхири дигарбораи мурофиаи Тутубалина ва Иттиҳодияҳои эҷодӣ 21.10.2013 17:42 827
Мурофиаи додгоҳии иттиҳодияҳои эҷодӣ ва Олга Тутубулина аз сабаби ҳозир нашудани даъвогарони асосӣ бори дигар ба таъхир андохта шуд. Намояндаи ваколатдори сарварони Иттиҳодияҳои эҷодӣ Рустам Устобев гуфтааст, ки тибқи қонун онҳо ӯҳдадор нестанд ба мурофиа ҳозир шаванд.
“Сангчарх”-и бародарон чоп шуд 21.10.2013 17:40 896
Нашриёти “Адиб” романи “Сангчарх”-и бародарон Шарифбек ва Ҳокими Азизро аз чоп баровард. “Сангчарх” романи детективӣ буда, пайгири як ришта ҷиноятҳои муташаккил дар деҳоти дурдасти кӯҳистон аст. Муаллифон бо офариниши саҳнаҳои хотирмони ҷиноӣҷасорат ва дониши фасеҳ доштани кормандони милитсияро нишон идодаанд.
«Оинаи беҷило» дар Корея 21.10.2013 17:38 1019
Дар миёни 299 филм аз бештар аз 70 кишвари олам, ки дар фестивали байналмилалии шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ пешкаш шуда буд, «Оинаи беҷило»-и коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов низ роҳ ёфт. Дар суҳбат бо хабаргузориҳо Носир Саидов аз истиқболи гарми бинандагон аз «Оинаи беҷило» изҳори хушнудӣ кардааст ва гуфтааст, ки ....
ЮНЕСКО “Ҷараёни озод”-ро нашр кард 21.10.2013 17:35 849
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Президенти кишвар ЮНЕСКО дар Тоҷикистон китоби мусаввареро бо номи «Ҷараёни озод» интишор додааст, ки ба натиҷаҳои Конфронси имсолаи байналмилалӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об бахшида шудааст.