03:44:40 03-уми Июни 2025 сол

Филми коргардони тоҷик дар Бишкек шоҳҷоиза гирифт, вале худи ӯ ширкат надошт

Як филми коргардони тоҷик Шарофат Арабова бо номи "Между" дар сеюмин ҷашнвораи байналмилалии кишварҳои ҷомеаи муштаракулманофеъ, давлатҳои соҳили Балтик ва Гурҷистон ҷои аввалро соҳиб шудааст. Ҳамаи шаш нафар аъзои ҳакамон ин филмро сазовор ба шоҳҷоиза донистаанд. Дар ин бора ба "Рӯзгор" рӯзноманигори тоҷики муқими Бешкек Қодиршои Мурувват хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ ин ҷашнвора таҳти унвони "Қирғизистон - кишвари филмҳои кӯтоҳ" баргузор шудааст ва рӯзи якшанбе ба кори худ поён додаст. Аз сабаби он ки коргардони тоҷик шахсан ба Бишкек  омада натавонистааст, Қодиршои Муруват чун масъули Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рудакӣ ин ҷоизаро аз дасти Султон Раев- вазири фарҳанги Қирғизистон қабул кардааст.

Қодиршо дар суҳбат бо "Рӯзгор" гуфт, ки акнун вай маъмур шудааст шоҳҷоиза, асноди он ва маблағи 1 ҳазор доллари амрикоӣ пули онро ба хонум Шарофат Арабова биспорад.

ӯзгор"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854