02:01:42 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Дар идомаи таҳаввулоти кадрӣ президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Ҷӯрахон Зойировро аз вазифаи сардори Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД озод ва ба ҷойи ӯ сарвари хадамоти муҳоҷирати кишвар Сафиаллоҳ Девонаевро таъин намуд. Сарвари давлат бо фармони дигар генерал Зойировро сардори Академияи вазорати корҳои дохилӣ таъин кард.

khabarho-222014-2015Сафиаллоҳ Девонаев 9-уми июни соли 1962 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, дорои ду таҳсилоти олӣ аст. Вай соли 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст ва соли 2001 баъди анҷоми таҳсил дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия соҳиби дипломи ҳуқуқшиносӣ шудааст.

Фаъолияти меҳнатии худро чун иқтисодчии комбинати хизмати майишии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон оғоз намуда, солҳои 1984-1990 дар вазифаҳои мудири сектор, котиби дуюми Кумитаи комсомолии ноҳияи Фархор ва инструктори ЛКСМ-и Тоҷикистон кор кардааст. Аммо аз моҳи июни соли 1990 то моҳи январи соли 2011 дар мақомоти милиса дар вазифаҳои мухталифи роҳбарӣ фаъолият доштааст. Бо қарори ҳукумат аз 21-уми январи соли 2011, ба мансаби сардори Хадамоти муҳоҷират таъин гардида буд. Рутбааш полковник, оиладор ва соҳиби 5 фарзанд аст.

Иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 12 декабр Патрисия Флор-намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт. Бино ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин дидор ҷараёни иҷрои тарҳҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Патрисия Флор гуфтааст, ки Иттиҳодияи Аврупо барои бахшҳои омӯзишу парвариш, тандурустӣ ва кишоварзӣ барои солҳои 2014-2020 250 миллион евро ихтисос додааст. Вазорати корҳои хориҷӣ дар мавриди таъкиди хонум Флор дар бораи иҷрои тавсияҳо оиди такмили қонуни интихобот, ки Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кардаст, чизе нагуфтааст. Вале хабаргузориҳо навиштанд, ки намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои ин созмонро дар мавриди интихоботи шаффофу демократӣ бояд ба назар гирад.

ххх

Тӯли 11 моҳи соли равон 8 ҳазору 659 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе фаҳмидаанд, ки вуруд ба Русия барояшон манъ шудааст. Дар ин бора ба "Рӯзгор" Муҳаммадюсуфи Шодӣ, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии пойтахти кишвар иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи манбаъ то охири ноябри соли равон 77 ҳазору 121 нафар сокинони кишвар ба шуъбаи иттилоотдиҳии фурудгоҳ муроҷиат кардаанд ва 8 ҳазору 650 нафар хабар ёфтаанд, ки мақомти Русия вуруди онҳоро ба кишварашон мамнуъ эълон кардаанд. Муҳаммадюсуфи Шодӣ ҳамчунин афзуд, ки системаи нави иттилоотие, ки моҳи марти соли гузашта дар фурудгоҳи Душанбе роҳандозӣ гардид, дар реҷаи "Онлайн" ба шаҳрвандон бобати иҷоза ё манъ будани вуруд ба Федератсияи Русия маълумот медиҳад.

ххх

Дар Яман як тайёраи бесарнишини амрикоӣ дар ҳамла ба корвони мошинҳои тӯи арӯсӣ сабабгори кушта шудани 15 нафар сокинони осоишта шудааст. Дар ин бора Reuters истинодан ба манобеъи пулиси вилояти Эл-Бейд иттилоъ дод. Манбаъ гуфтааст, ки мошинҳои туи арӯсӣ ба гумони корвони мошинҳои "Ал-Қоида" ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Ин аввалин рӯйдоде набудааст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ сабабгори марги бегуноҳон мешаванд. Тибқи иттилои мақомоти интизомии Яман аз соли 2009 то 2013 бар асари шаш ҳамлаи тайёраҳои бесарнишини амрикоӣ дар ин кишвар 57 сокини осоишта кушта шудаанд. Дар ин гузориш гуфта мешуд, дар ягон ҳолат мансубияти ҳалокшудагон ба созмони террористии "Ал-Қоида" исбот нашудааст.

ххх

Дар Кореяи Халқӣ-Демократӣ сарвари ин кишвар Ким Чен Ин ба қатли язнаи худ Чан Сон Тхек ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ризоят дод. Ожонсии телеграфии Корея хабар дод, ки ҳукми трибунали ҳарбӣ рӯзи панҷшанбе татбиқ гардид ва Чан Сон Тхэк барои "амалҳои зиддиҳизбӣ ва аксулинқилобӣ" эъдом гардид. Додгоҳи ҳарбӣ гуфтааст, ки Чан Сон Тхек ба ормонҳои Кореяи халқӣ хиёнат кардааст. Чан Сон Тхэк, ҳамсари хоҳари марҳум Ким Чен Ир, дуввумин шахси таъсиргузор дар сиёсатҳои ин кишвар ба шумор мерафт. Коршиносон бар ин назаранд, ки Ким Чен Ин тадриҷан аз ҳамсафони падараш халос мешавад, чун мебинад, ки онҳо ба сиёсатҳои вай дахолат мекунанд.

ххх

Парламони Узбакистон ба муносибати 21-умин солгарди қабули Конститутсияи ин кишвар авфи зиндониёнро тасвиб кард, ки тибқи он ҳамаи занони маҳбус, афроди то 18-сола, болотар аз 60-сола ва хориҷиён пеш аз муҳлат озод карда мешаванд. Касоне мавриди афв қарор мегиранд, ки аз беэҳтиётӣҷиноят содир кардаанд ва ё бори аввал суд шудаанд. Ҳамчунин маҷрӯҳони гуруҳҳои I ва II, беморони вазнин низ бахшида мешаванд. Ҳамзамон касоне ҳам, ки муҳлати адои ҷазои ҷиноияшон на бештар аз дуввуним сол мондааст, ба озодӣ мебароянд. Қонуни афв ба касони ҷиноятҳои сангин содирнамуда, ба муҳлатҳои дурудароз ва ё тамоми умр маҳкумшуда ва нақзкунандагони низоми маҳбас дахл намекунад. Узбакистон ҳар сол дар остонаи солгради Конститутсияи худ теъдоде аз маҳбусонашро авф ва аз зиндонҳо озод мекунад. Тибқи иттилои рсмӣ соли гузашта наздик ба 69 ҳазор шаҳрвандони маҳбус тибқи қонуни афв озод карда шуда буданд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi