08:30:10 22-уми Январи 2026 сол
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ Ивана Живкович 01.06.2025 19:14 427
31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи Рушди СММ хонум Ивана Живкович баргузор гардид.
Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Латвия 30.05.2025 00:36 461
Дирӯз муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Восидиён Фарҳод Саъдулло бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд Рейнис Трокша вохӯрӣ анҷом дод.
Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо дар мизи мудаввари мудирони Бонки Исломии Рушд 28.05.2025 01:09 431
22 майи соли 2025 дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар мизи мудаввари мудирони кишварии БИР иштирок ва суханронӣ намуд.
Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 21.05.2025 21:36 653
Санаи 20-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ...
Ҳайати ҶТ дар маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иштирок намуд 21.05.2025 21:34 484
20 майи соли 2025 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи БИР, ки дар Ҷумҳурии Алжир баргузор гардид, иштирок намуд.
Баргузории Форуми саноати маъдани Тоҷикистон - Подшоҳии Муттаҳида дар Лондон 21.05.2025 21:29 515
19 майи соли 2025 дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми саноати маъдани Тоҷикистон-Подшоҳии Муттаҳида баргузор гардид.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи «CASA-1000» доир шуд 18.05.2025 13:45 430
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Таалайбек Ибраев...
Боздид аз Минтақаи махсуси иқтисодии «Aлабуга»-и Ҷумҳурии Тотористон 18.05.2025 13:37 407
Санаи 15 майи соли 2025 дар ҳошияи баргузории Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" боздиди Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа аз Минтақаи махсуси иқтисодии «Алабуга»-и Ҷумҳурии Тотористон сурат гирифт.
Баррасии ҳамкориҳо бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб 14.05.2025 23:45 421
Санаи 13 майи соли 2025 дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ва Вазири молияи кишвар Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ...
Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳаи «CASA-1000» оғоз гардид 14.05.2025 23:38 355
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳҳои кории муштараки кишварҳои аъзои Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ва шарикони рушд оғоз гардид.
Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷаҳони нави исломӣ: стратегияи ҳамкорӣ 12.05.2025 23:24 517
Тоҷикистон ҳамзамон бо нигоҳ доштани равобити чандинасраи фарҳангӣ ва мазҳабӣ бо ҷаҳони Ислом мавқеъи худро дар ҷомеаи ҷаҳонии мусулмонон фаъолона таҳким бахшида истодааст. Дар солҳои охир Душанбе иштироки афзоянда дар ташаббусҳои байналмилалии ҷаҳони Ислом...
Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд 11.05.2025 13:24 401
Санаи 7-уми май дар шаҳри Милани Италия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҳошияи 58-умин ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии Рушд бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда мулоқот намуд.
Аввалин Ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид 08.05.2025 00:24 517
7 майи соли 2025 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чон Сун Сик аввалин ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
Имзои Протоколи Ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон 08.05.2025 00:22 390
Дар ҳошияи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Форуми сармоягузориву соҳибкории ду кишвар баргузор гардид.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар 58-умин ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии Рушд 05.05.2025 12:44 310
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар 58-умин ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии Рушд, ки рӯзи 4-уми майи соли 2025 дар Милани Италия ба кори худ оғоз кард, иштирок мекунад.