09:13:07 22-уми Майи 2025 сол

Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

Санаи 20-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо иштироки доираҳои давлатӣ ва бахши хусусии ду давлат баргузор гардид.

5 forumi sohibkori 654741988545487Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода зимни суханронии муқаддамотӣ баргузории форуми мазкурро барои мубодилаи афкору таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар муҳим арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба истифодаи босамари имкониятҳои сармоягузории кишвар ҷалб намуд.

Президенти Федератсияҳои палатҳои Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал - Ҳувайзӣ қайд намуд, ки робитаҳои самараноки доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ бо дарназардошти зарфияту имкониятҳои мавҷуда метавонад барои пешбурди тарҳҳои иқтисодӣ ва сармоягузории байни ду кишвар заминаи устувор гузорад.

Зимни чорабинӣ, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеи ҳамкориҳо дар самти рушди “иқтисоди сабз”, энергетика, рақамикунонӣ ва инноватсия, саноати маъдан, металлургӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ иброз намуданд.

Ҳамзамон, дар ҳошияи Форум мулоқотҳои дуҷонибаи байни доираҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ дар сиғаи В2G ва B2B баргузор гардид.

Дар фарҷоми Форум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияҳои палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

www.investcom.tj 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ