Баргузории Форуми саноати маъдани Тоҷикистон - Подшоҳии Муттаҳида дар Лондон
19 майи соли 2025 дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми саноати маъдани Тоҷикистон-Подшоҳии Муттаҳида баргузор гардид.
Дар кори ин Форум, ки дар таърихи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир бори аввал барпо шуд, роҳбарону масъулини вазорату идораҳои давлатии кишвар, сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳавӣ ва бонуфузи ҷаҳон – дар маҷмуъ зиёда аз 150 нафар, иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш бо роҳбарии вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва шумули сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва роҳбарону намояндагони дигар ниҳодҳои давлатӣ ва хусусӣ иштирок намуд.
Мақсад аз баргузории Форуми мазкур таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар самти саноати маъдан аз тариқи ташкили муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатии ду кишвар, сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ватанӣ ва байналмилалӣ ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави амалӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак иборат буд.
Дар чаҳорчуби Форуми мазкур, ки аз иҷлосҳои ифтитоҳӣ ва якчанд иҷлоси пленариву мавзӯӣ иборат буд, вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайатҳои расмӣ ва роҳбарони ширкатҳои хусусӣ танзим шуданд.
Дар ҳошияи ҳамоиши номбурда ҷиҳати муаррифии иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши молу маҳсулоти саноати маъдан ва истихроҷ, инчунин маҳсулоти гуногуни содиротии ватанӣ низ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни намоиш ба сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои хориҷӣ роҷеъ ба фазову имкониятҳои сармоягузорӣ ба соҳаи саноати маъдан маълумоти муфассал ироа шуд.
Дар натиҷаи мулоқоту музокироти аъзои ҳайатҳои расмӣ ва ширкатҳои хусусӣ 2 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Интизор меравад, ки Форуми мазкур ба муаррифии иқтидори саноати маъдани кишвар, аз ҷумла имкониятҳои содиротӣ, ҷалби бештари сармояву воридоти фанновариҳои муосир дар оянда ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Подшоҳии Муттаҳида дар ин самт мусоидат хоҳад кард.