03:30:40 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Боздошти гурӯҳе ҷавонон бо иттиҳоми боло кардани парчами "сиёҳ"

Теъдоде аз ҷавонони деҳаи Ленинободи ноҳияи Шаҳритус бо иттиҳоми овехтани матои сиёҳи монанд ба парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" дастгир шудаанд.

shahrituz-444512545.jpgМанобеи Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шаҳритус мегӯянд, гурӯҳе аз ҷавононро бо иттиҳоми боло кардани парчами сиёҳи монанд ба парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳия боздошт кардаанд. Як корманди идораи пулис рӯзи 18 август ба мо гуфт, дар ҳоли ҳозир бозпурсии афроди боздоштшуда идома дорад.

Маълум нест, ки ҷавонон матои монанд ба парчами "Давлати исломӣ"-ро дар муҷассамаи асосгузори нахустин давлати Тоҷикон ҳадафмандона бардоштанд, ё танҳо "шӯхӣ" кардаанд. Ҳамсӯҳбати мо аз Шӯъбаи корҳои дохилӣ низ гуфт, дар бораи теъдоди боздоштшудаҳо ва ҷузъиёти ҳодиса хабар дода наметавонад ва боядҳамагӣ натиҷаи пурсиш ва таҳқиқотро интизор шаванд.

Абдуалим Исмоилзода - раиси ноҳияи Шаҳритус ҳам дар сӯҳбати кӯтоҳе бо мо гуфт, ки "феълан бо масъалаи ҷавонони боздоштшуда Шӯъбаи амният ва Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия машғул ҳастанд ва ин масъаларо ҳамаҷониба таҳқиқ доранд." Бино ба гузоришҳо, ин гурӯҳи ҷавонон аз деҳаи Ленинободи ҷамоати ба номи "Холматов"-и Шаҳритус будаанд.

Абдураҳим Урунов, раиси ин ҷамоат, рӯзи 18 август дар сӯҳбат бо мо гуфт, барои шарҳи ин ҳодиса ба мақомоти амниятӣ даъват шуда ва баёнот додааст. Ӯ мегӯяд, ки тафсилотро намедонад, аммо шунидааст, ки ин ҷавонон пораи матои сиёҳ бо навиштаи Аллоҳро дар муҷассамаи Исмоили Сомонӣ овезон кардаанд. "Ҳоло ҳамаи кормандони амният ва муфаттишон Ленинобод ҳастанд. Ҳамонҷо оварда, дар деҳаи Ленинобод пурсида истодаанд. Афсару муфаттишон дар ҳамонҷо ҳастанд, барои тафтишот. Ба мо нагуфтаанд, махфӣ нигаҳ медоранд. Ман рафта баёнот навишта омадам. Ман навиштам, ки надидам, намедонам," - гуфт Абдураҳим Урунов.

Ленинобод ҳамон деҳаест, ки як сокини он Ҳусейн Содиқови 30-сола моҳи июл барои ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Сурия, ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

Яке аз намояндагони Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус низ дар сӯҳбат бо мо боздошти ҷавононеро, ки гӯиё парчами сиёҳеро дар маркази ноҳия овехтаанд, тасдиқ кард, аммо гуфт, ки дар бораи теъдоди ҷавонони боздоштшуда ва онҳое, ки ин корро кардаанд, иттилоъ надорад ва мақомоти қудратӣ дар ин замина таҳқиқот анҷом медиҳанд.

Як манбаи наздик ба ҳукумати ноҳияи Шаҳритус, 200-километрии ҷануби Тоҷикистон, ба мо гуфт, ҳафтаи гузашта ду рӯз пайиҳам афроди ношинос дар муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, дар наздикии бинои ҳукумат ва дар маркази ноҳия, парчами сиёҳеро овехтаанд ва додситонӣҳодисаро тафтиш мекунад. Ба қавли ин манбаъ, бори аввал саҳари 10-уми август ин парчами сиёҳро дар муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дидаанд ва раиси маҳалла омада, онро гирифтааст. Мусоҳиби мо афзуд, ҳарду парчами сиёҳро ба додситонӣ додаанд ва ҳоло тафтишот идома дорад, ки дастандаркорони ин амал киҳо мебошанд ва чаро як чунин кор сурат гирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон бо далели халалдор нашудани ҷараёни тафтишот хабарҳои марбут ба боздошти пайравони эҳтимолии гурӯҳи "Давлати Исломӣ"-ро ошкор намекунанд ва ё баъд аз гузашти муддате онҳоро дар телевизионҳои давлатӣ нишон медиҳанд. Бо вуҷуди онки дар гузашта сару садое дар бораи овехтани парчамҳои сиёҳи монанда ба байрақи гурӯҳи Давлати исломӣ дар Тоҷикистон нашр шудааст, вале то кунун ҳеҷ яке аз онҳо расман тасдиқ нашудааст ва ё аксу наворе низ вуҷуд надорад. 

Рафтани бештар аз 500 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ ва пайвастани теъдоди зиёди онҳо ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ, мақомоти Тоҷикистонро водор кард, тарғиботи густурдаеро алайҳи ин гурӯҳ ба роҳ монанд, ки идеологияи ифротӣ ва бо қатлу куштору бераҳмонаи мардуми ғайримусулмон шинохта шудааст.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi