00:14:37 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

ВКД: Аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ҳар моҳ 100-долларӣ мегирифтанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 6 сентябр бо нашри иттилои тоза дар бораи аъзои гуруҳи Абдуҳалим Назарзода гуфт, ки онҳо ҳар моҳ сад долларӣ ва, инчунин, маводи ғизоӣ мегирифтаанд.

hoji-halim-985444545.jpgВазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 6 сентябр эълон кард, ки аъзои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба ҲоҷӣҲалим, муовини собиқи вазири дифои кишвар ҳар моҳ сад долларӣ ва маводи ғизоӣ мегирифтаанд. Вазорат манбаи ин пулҳоро ошкор накарда, вале Сироҷиидин Одинаев, маъруф ба лақаби Ҳоҷӣ Сироҷ, корманди пешини Вазорати дифоъро ҳамчун хазинадор ё "кассир"-и ин гурӯҳ муаррифӣ кардааст.

Ба иттилои ВКД, аъзои ин гурӯҳ шаби 3 ба 4 сентябр низ дар хонаи Ҳоҷӣ Сироҷ дар кӯчаи Сари Осиёи шаҳри Душанбе ҷамъ омада будаанд. "Онҳо мунтазир ба дастури ҲоҷӣҲалим буданд. Сироҷиддин Одинаев ҳамчун хазинадори гурӯҳи ҷиноятпеша фаъолият намуда, барои нигоҳдории гурӯҳи ғайриқонунӣ ба аъзои гурӯҳ моҳона 100 доллари ИМА ва маводи ғизоӣ медодааст," - афзуд дафтари матбуоти ВКД.

Ин ниҳоди қудратии Тоҷикистон Фозилбек Аюбов ва Хуршед Холиқовро ҳамчун муҳофизони ҲоҷӣҲалим муаррифӣ карда, аз фирори Файзулло Абдуллоев, сокини маҳаллаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ ва узви ин гурӯҳ хабар дод. Абдуллоев барои итоат накардан ба кормандони пулис ва оташ кушодан ба сӯи онҳо айбдор мешавад.

Аз пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду афсари Вазорати дифои кишвар барои "мусоидат" ба иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Ваҳдат боздошт кардаанд. Аз онҳо подполковник Мустафо Назаров, муовини командири бригадаи десантии қисми низомии Вазорати дифоъ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва майор Насим Юсуфов, нозири калони Раёсати молия ва буҷаи Вазорати дифоъ ном бурда мешавад. То ҳол мақомоти Вазорати дифоъ дар ин замина изҳори назар накардаанд, вале манобеи мустақил мегӯянд, ки санҷиши дохилӣ дар ин вазорат ва ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин афрод имкон доштанд, бо хабар додан аз тарҳи ҳамлаҳо ба мақомот аз хунрезӣҷилавгирӣ кунанд. "Аммо бетарафӣ ва мусоидати онҳо ба гурӯҳи ҷиноятпеша боис ба нооромӣ ва куштор гардид," – гуфтанд дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ.

Ин ниҳод барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, ки аз созмондиҳандагони ҳамлаҳои мусаллаҳонаи 4 сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат дониста мешавад, ду корманди пешини мақомоти ҳифзи ҳуқуқро низ айбдор кард. Аз ин афрод Баҳодур Кабиров ва Тоҷиддин Собиров ном бурда мешавад, ки ҳарду дар нафақа буда, ба иттилои мақомоти расмӣ наздик ба 1 ҳазор сомонӣҳаққи бознишастагӣ мегирифтаанд.

"Оиладор, соҳиба зану фарзанд, хонаву дар ва автомашина буда, камбуде надоранд. Бо чунин амали худ сабаби марги чанд тан аз афроди бегуноҳ гардиданд," - мегӯяд Вазорати корҳои дохилӣ. Худи ин афрод дар сӯҳбат бо муфаттишон аз чунин амалкарди хеш изҳори пушаймонӣ карда, гуфтаанд, ки ноогоҳона аз ин кори Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳонаш пуштибонӣ кардаанд.

Бино ба хабари Вазорати корҳои дохилӣ то кунун 35 тан аз аъзои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт шудаанд, ки дастгир намудани се нафари онҳо бо ёрии сокинони шаҳри Ваҳдат имконпазир шудааст. Мақомот то ин дам аз кушта шудани 13 узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода низ хабар дода, мегӯянд, ки ҷустуӯи худи ӯ ва ҳамроҳони боқимондааш дар Ромит идома дорад.

Бо ин ҳол, сабаби ҳамлаи чоруми сентябр рӯшан баён нашудааст ва то ҳол маълум нест, ҳадафи ҳамлаҳои мусаллаҳона аз сӯи Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳони ӯ чӣ будааст. Иттилое, ки дар замина дастраси расонаҳост, танҳо тавассути бархе аз манобеи мустақил ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мерасад.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi