15:53:56 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Тоҷикистон ҳамёнҳои "ҷиҳодиҳо"-ро мебандад

Мақомоти Тоҷикистон аз ширкати «QIWI Wallet PayPal”» ва ё ҳамёни интернетӣ масдуд кардани суртаҳисобҳоеро дархост карданд, ки эҳтимолан барои гурӯҳи “Давлати исломӣ” маблағҷамъоварӣ мекунанд.

doish-89565454.jpgШиркати “QIWI Wallet Paypal”, ки ба забони русӣ “Киви Кошелек” ном дорад, ҳамёни электрониест, ки асосан барои харидҳои интернетӣ истифода мешавад. Барои боз кардани суратҳисоб дар ин саҳифа танҳо рақами телефони ҳамроҳ кофӣ аст ва гирифтани пули нақд аз ин суратҳисоб низ имконпазир аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин суратҳисобҳо тайи як ҳафтаи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар саҳифаҳои марбут ба тундравҳои тоҷик, ки эҳтимол дар Сурия ва Ироққарор доранд, пайдо шуданд. Тундравҳо ба ин васила аз ҷонибдоронашон дар Русия ва Тоҷикистон дархости кӯмаки молӣ мекарданд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар сӯҳбат ба мо гуфт, интиқоли пул ба ин суратҳисобҳо таҳқиқ мешавад. Аммо ба гуфтаи ӯ, то ҳол нисбати 4 шаҳрванди Тоҷикистон барои кӯмаки молӣ ба гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” бо моддаи 401, банди 1 (зархаридӣ)-и Кодекси ҷиноятиӣ, парванда боз шудааст. Ду тани онҳо сокини ноҳияи Ваҳдат будаанд, ки барои сафари даҳҷавони тоҷик ба Сурия ва Ироқ кӯмаки молӣ кардаанд.

Мақсуд Саъдуллоев, намояндаи ширкати «QIWI кошелек» дар Душанбе рӯзи 18-уми август ба мо гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон барои бастани ин суратҳисобҳо мустақиман ба маркази ин ширкат, ки дар Русия қарор дорад, муроҷиат кардаанд. Ӯ мегӯяд, эҳтимол ин суратҳисобҳоро гурӯҳои ифротӣ барои кӯмак хостан аз муҳоҷирон боз кардаанд, зеро ҳоло мувақатан «QIWI Кошелек» дар Тоҷикистон кор намекунад.

“Чанд моҳ боз системаи мо дар Тоҷикистон кор намекунад. Аз Тоҷикистон ҳоло на пул гузаронида мешавад ва на пул гирифта мешавад. Он рақамҳое, ки гурӯҳҳои ифротӣ дар саҳифаҳояш гузоштаанд, рақамҳои Русия ҳастанд, аз ин хотир мақомоти Тоҷикистон мустақиман ба он ҷо муроҷиат кардаанд. Дар «QIWI Кошелек”» ҳар нафар бо рақами телефонаш суратҳисоб боз карда метавонад ва фаҳмидан мушкил аст, ки кадом муштарӣ ин суратҳисобро ба кадом ҳадаф боз кардааст. Фаҳмидани мақсади онҳо кори мақомот аст” – гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Барномаи «QIWI Wallet PayPal” ё ”Киви кошелек” дар терминалҳои пардохтии сарироҳӣ насб шудааст ва пул гузаронидан ба он монанд пур кардани суратҳисоби телефонҳои мобилӣ аст. Аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиносон гурӯҳҳои ифротӣ ва фурӯшандагони маводи мухаддир ба хотири ошкор нашудани ҳуввияташон аз ҳамёнҳои интернетӣ, мисли “Yandex Кошелек”, “Web Money Кошелек” ва «QIWI Кошелек» истифода мебаранд. Ин се системаи интиқоли пул дар қаламрави кишварҳои шӯравии собиқ дар саҳифаҳои марбут ба гурӯҳҳои ифротӣ бо сабти рақамҳои «Киви Кошелек» навишта шудааст, ки ба хотири “тоза кардани Тоҷикистон” ба онҳо пул гузаронанд.

“Давлати исломӣ” то ҳол аксари ҷонибдоронашро аз сарзаминҳои шӯравии собиқ маъмулан бо ваъдаи пулу моли фаровон ва зиндагии биҳиштосо ба даштҳои хушку биёбонҳои Сурияву Ироқ бурдааст ва кӯмакхоҳии онҳо дар ҳамёнҳои интернетӣ воқеӣ ба назар намерасид.

Аммо Насриддин Файзов, як муҳоҷири корӣ дар Русия, ки дар гузашта собиқаи кор дар бонкҳои Тоҷикистонро дорад, мегӯяд тариқи «Киви кошелек» чиптаи ҳавопайморо ҳам харидан мумкин аст, аз ин рӯ эҳтимолан гурӯҳи тундрави “Давлати Исломӣ” бо ин маблағҳо пули чиптаи ҷонибдорони навашро харидорӣ мекунад.

“Чун рақамҳои онҳо аз Русия ҳаст, ба тахмини ман мехоҳанд, ба ин тариқа барои онҳое, ки мехоҳанд ба сафашон бипайванданду пули чипта надоранд, чипта бихаранд. Ҳоло дигар мустақиман ба бонкҳо пул равон кардан мушкил шудааст ва ин гурӯҳҳо аз ин шева мехоҳанд, истифода баранд”- гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Пайдо шудани суратҳисобҳои ҳамёнҳои электронӣ дар саҳифаҳои зоҳиран ҷавонони ҷонибдори гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон эълон карда буд, ки пулҳои интиқолёфта аз Сурия ва Ироқ тафтиш карда мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло бештар аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар сафи гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” меҷанганд, ки ҳудуди 150 нафарашон то кунун кушта шудаанд. Мақомот мегӯянд, ҳоло пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи ин гурӯҳ коҳиш ёфтааст, аммо ҷонибдорони ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷалби ҷавонон фаъолияти густурдаеро ба роҳ андохтаанд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi