17:17:12 14-уми Июни 2026 сол
ВАЗЪ ДАР ХОРУҒ ПАС АЗ ЯК ТИРАНДОЗӢ ОРОМ АСТ 28.07.2012 23:02 1437
Манбаъҳои гуногун иттилоъ медиҳанд, ки дар Хоруғ як тирпаронии кӯтоҳмуддат ба вуқӯъ пайвастааст.Ба иттилои як манбаи мӯътамад ба мо, тақрибан соати 18:30 дар Хоруғ як тирпаронии кӯтоҳмуддат ба амал омада, 10 дақиқа идома доштааст.
ГУЗОРИШҲО АЗ ТИРАНДОЗИИ ШАБОНА ВА ЭЪЗОМИ НЕРӮИ БЕШТАР БА ХОРУҒ 27.07.2012 15:31 1474
Гузоришҳои расида аз шаҳри Хоруғ ҳокӣ аз тирандозӣ дар маҳаллаи мавсум ба “Селхозтехника”-и ин шаҳр дар шаби гузашта будааст. Ин дар ҳолест, ки манобеъи расмӣ дар Бадахшон ба расонаҳои Русия гуфтаанд, ки шаби гузашта авзоъ дар ин шаҳр ором будааст.
МӯҲЛАТИ ОТАШБАС ТО 28-УМИ ИЮЛ ТАМДИД КАРДА ШУД 27.07.2012 15:27 1493
Як манбаи наздик ба ҳукумати Бадахшон мегӯяд, ба гурӯҳҳои мусаллаҳ фурсат дода шуд, ки то рӯзи шанбе силоҳҳои худро ба замин гузоранд. Ин манбаъ, ки нахост номаш бурда шавад, нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа ба мо гуфт, вазъ ба сурати умумӣ дар Хоруғ ...
ТАҚВИЯТИ МАРЗИ ҚИРҒИЗИСТОН БО ТОҶИКИСТОН 27.07.2012 15:18 1474
Қирғистон нерӯҳои амниятӣ ва марзбонии худро дар мавзеи Қизиларт бо Мурғоб тақвият дод. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 27 июн ба мо гуфт, ки бо оғози нооромиҳо дар Хоруғ, мақомоти сарҳадбонии ...
БОЗТОБИ ҲОДИСАҲОИ БАДАХШОН ДАР МАТБУОТИ ҶАҲОНӢ 27.07.2012 10:29 1448
Бӯҳрони Хоруғ рӯзи шашум аст, ки дар сархати ахбори Тоҷикистон ва минтақа қарор дошта, дар расонаҳои хориҷӣ низ ҳамчунон ба таври густарда бозтоб мешавад.ББС хабар дод, ки дар Бадахшон ба як гурӯҳи ОМОН – воҳиди вижаи милиса – ҳамла шудааст.
'БОЗДОШТИ ГУРӮҲЕ АЗ ҲАМДАСТОНИ' ШӮРИШИЁНИ ХОРУҒ ДАР АФҒОНИСТОН 26.07.2012 22:54 1247
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо вазири умури дохилӣ ва раиси амнияти умумии Афғонистон вазъи амниятӣ дар Бадахшонро баррасӣ кардааст. Сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар истинод ба мақомоти аршади амниятӣ...
НАХУСТИН АКСҲО АЗ РӮЙДОДҲОИ ХОРУҒ 26.07.2012 18:20 1537
Хабаргузории Ройтерс рӯзи панҷшанбе нахустин аксҳои дастрасшуда аз Хоруғро нашр кард. Дар ду аксе, ки рӯзи 26 июл дастраси ин хабаргузорӣ шудааст, саҳнаи сӯхтори як муассисаи давлатӣ ва ҷасади ду сарбози нирӯҳои ҳукуматӣ ба чашм мехӯранд.
БЕГ ЗУҲУРОВ: «ЯК ТИР ТАМОМИ АЛОҚАРО БО БАДАХШОН ҚАТЪ КАРД» 26.07.2012 18:17 1228
Сабаби қатъ шудани алоқа дар Бадахшонро тайи 3 рӯзи ахир Хадамоти алоқа дар мушкили фаннӣ арзёбӣ кард. Бег Зуҳуров - раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикиcтон чанд лаҳза пеш дар нишасти хабарӣ ба журналистон гуфт, алоқа дар Бадахшон бо иллати тир расидан ...
АМАЛИЁТИ ВИЖАИ НИРӮҲОИ АМНИЯТӢ ДАР ХОРУҒ ТО ИН ЛАҲЗАҲО БА АНҶОМ РАСИДААСТ 25.07.2012 22:28 1454
Дар ин бора як манбаи мӯътамад ба мо дар Бадахшон хабар дод. Вай гуфт, ки ҳоло шаҳр орому осуда аст ва дар баъзе ҷоҳо фурӯшгоҳҳои ғизо боз шудаанд. Бозори маҳаллӣ ҳанӯз баста аст. Дар кӯчаву хиёбонҳои Хоруғ аҳёнан низомиёнро дидан мумкин аст.
КУШТА ШУДАНИ ҲАФТ СОКИНИ ХОРУҒ 25.07.2012 10:38 1297
Бар асари тири нишонзанҳо субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҳафт сокин, аз ҷумла чаҳор кӯдак, ду мард ва як зан кушта шудаанд. Ин ҳодиса дар маҳаллаи Хлебзавод - маркази шаҳри Хоруғ рух додаст.Хабарнигори мо мегӯяд, бо он ки вазъ аз субҳ нисбатан ором ...
АФВИ БАЙНАЛМИЛАЛ: МАЗНУН БА ҚАТЛИ ПАЙВАНДИ РАҲМОН ШИКАНҶА МЕШАВАД 25.07.2012 10:35 1215
Созмони Афви Байналмилал аз созмонҳои муътабари дифоъ аз ҳуқуқи башар бо интишори баёнияе гуфтааст марди 45 солае, ки ба занни қатли шавҳари хоҳари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таърихи 13 июл боздошт шуда буд ...
ВУД ВА КДАМ: ДАР АМАЛИЁТИ МАХСУСИ ХОРУҒ 42 НАФАР КУШТА ШУДАНД 24.07.2012 22:27 1624
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар, дар ҷараёни амалиёти махсуси Хоруғ 42 нафар, аз ҷумла 30 ҷангӣ ва 12 нафар аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ...
НАХУСТИН ЗАХМИҲО БА ДУШАНБЕ ИНТИҚОЛ ДОДА ШУДАНД 24.07.2012 18:32 1310
Бино ба иттилои як манбаъ дар вазорати умури дохилӣ, нимаи дуввуми рӯзи сешанбе тавасути чархбол аз Хоруғ ҳудуди 8 корманди ВУД ва КДАМ ба пойтахт интиқол дода шуданд. Ин манбаъ вазъи ду тан аз ин захмиёнро вазнин арзёбӣ кард.
ДАР ИСФАРА БА РӮЙИ СУДЯ ТЕЗОБ ПОШИДАНД 24.07.2012 18:29 1257
Дар Исфара сокини норозӣ аз адолатӣ додгоҳӣ ба рӯйи додгустар тезоб (кислота) пошид. Зайнулобуддин Ҷӯраев сокини 80 солаи шаҳри Исфара, рӯзи шанбеи 21 июл ба нишони эътироз ба рӯйи додгустари Додгоҳи маҳалӣ Абдуҳамид Давронов тезоб ё кислота ...
ВАЗИРИ УМУРИ ДОХИЛӢ БА ТАСЛИМИ ГУМОНБАРОНИ ҚАТЛ ДАЪВАТ КАРД 23.07.2012 23:54 1378
Ду нафар аз гумонбарони қатли Абдулло Назаров ба мақомоти давлатӣ супурда шудаанд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов аз тариқи телевизиони маҳаллии Бадахшон ба мардум муроҷиат кард, ки гумонбарони куштори генерал Абдулло Назаров ...