04:26:34 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
29 30          

ВАЗЪ ДАР ХОРУҒ ПАС АЗ ЯК ТИРАНДОЗӢ ОРОМ АСТ

Манбаъҳои гуногун иттилоъ медиҳанд, ки дар Хоруғ як тирпаронии кӯтоҳмуддат ба вуқӯъ пайвастааст.

/images/stories/2012/07/28_badakhshan-280712.jpgБа иттилои як манбаи мӯътамад ба мо, тақрибан соати 18:30 дар Хоруғ як тирпаронии кӯтоҳмуддат ба амал омада, 10 дақиқа идома доштааст. Дар бораи талафот ё осебҳои ин тирандозӣ хабаре нарасидааст, аммо шоми гузашта низ бо вуҷуди оташбаси муваққат дар маҳаллаи "Селхозтехника"-и Хоруғ тирандозии кӯтоҳмуддат ба амал омада буд.

Манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, аз тирандозии дирӯза касе кушта нашуда, танҳо тиреза ва деворҳои як хона дар микрорайони "Селхозтехника" осеб дидаанд. Соҳибони ин хона ҳангоми тирпарронӣ дар манзил набудаанд.

Мӯҳлати оташбас нимирӯзии 28-уми июл поён ёфт, аммо амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ нашуда ва вазъ дар Хоруғ то лаҳзаҳои таҳияи ин матлаб, яъне соати 9:30 ба вақти Душанбе ором боқӣ мондааст.

Субҳи имрӯз гурӯҳе аз занон  дар рӯбарӯи бинои шаҳрдории Хоруғ таҷаммӯъ карда хостори берун кардани нерӯҳои давлати аз шаҳр шуданд.Як манбаи мӯътамад ба мо гуфт, ки ин занон сабаби дархости худро ба он рабт додаанд, ки вуҷуди нерӯҳо ва муҳимоти ҷангӣ, фазои тарсу ҳаросро барои мардум эҷод кардааст. Ин аст, ки ин занон гуфтаанд, ки онҳо ва фарзандонашон наметавонанд озодона аз хона берун шаванд.

Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон ва Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон ба назди мардум баромада онҳоро мутмаъин кардаанд, ки амнияти онҳо тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин хоҳад шуд.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 29.07.2012 00:07
мардуме ки бурун рафтани нирухои хукуматиро мехоханд ба умеди ки хастанд.бояд тамоми чинояткорон дастгир карда шавад.ба марги одамони махалахои хоруг онхоро гунахгор кард.зеро ки онхо хуни аввалро рехтанд.нирухор о набояд баровард балки афзоиш бояд дод!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi