10:16:20 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КУШТА ШУДАНИ ҲАФТ СОКИНИ ХОРУҒ

Бар асари тири нишонзанҳо субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҳафт сокин, аз ҷумла чаҳор кӯдак, ду мард ва як зан кушта шудаанд. Ин ҳодиса дар маҳаллаи Хлебзавод - маркази шаҳри Хоруғ рух додаст.

/images/stories/2012/07/25_shahri-khorugh-250712.jpgХабарнигори мо мегӯяд, бо он ки вазъ аз субҳ нисбатан ором ба назар мерасад, аммо ваъз рӯ ба ташаннуҷ дорад, зеро ба гуфтаи ин манбаъ, аксари мардуми Хоруғ ба кӯчаҳо баромада ва эътирози худро нисбати амалиёти нерӯҳои давлатӣ баён мекунанд. Айни ҳол теъдоде аз сокинони шаҳр дар назди бинои ҳукумат ва Раёсати амнияти миллии вилоят таҷаммӯъ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон, ки дирӯз ба баргузории амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ иҷоза додаст, онро «иштибоҳ» дониста ва гуфтааст, ки бо ба эътидол омадани вазъ вай аз мақомаш канор меравад.

Ба мушоҳидаи хабарнигори мо дар ҳоли ҳозир ҳаракат миёни навоҳии Рӯшону Ишкошим боз шудаааст ва мардуми осоишта аз Хоруғ иҷоза хориҷ шудан доранд, аммо вуруди онҳо ҳанӯз манъ аст.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар ин бора, ки шаби гузашта вазъи ин шаҳр чӣ гуна буд, иттилое намедиҳанд ва ҳамчунин дар сӯҳбат бо мо кушта шудани фармондеҳони яке аз дастаҳои зудамали ҳукуматӣ аз захмӣ шудани додситони низомӣ – Хайрулло Саидов таъйид ва ё такзиб намекунанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дар бораи кушта шудани 200 нафар дар амалиёти Хоруғро рад карданд. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи кумита дар тамос бо мо дар такзиби ин хабар гуфт, ин рақамҳои хеле зиёд нишон дода шуда, ҳадафашон таҳрифи воқеият аст.

Тибқи иттилои бархе аз манобеъ дар мақомоти қудратии маҳаллӣ, як муддати муайян фармондеҳи ҳукумати марказӣ контролро аз болои гурӯҳи таъйиноти махсуси нерӯҳои ҳукуматӣ аз даст дод ва танҳо бо мусоидати намояндагони мақомоти Бадахшон ва сокинон ва даъвати онҳо аз ҳар ду тарафи мусаллаҳ, оташбас эълон шуд.

Дар бораи мӯҳтавои гуфтугузори намояндагони мақомот ва мардум бо вазири дифоъ Шерали Хайруллоев журналист Таҷаммулшоҳи Акобиршо мегӯяд:

"Шералӣ Хайруллоев аз номи президент изхори хушнудӣ кардааст, ки намояндагони мардум ба хотири оташбас ва эътидоли авзоъ бо комиссияи ҳукуматӣ дар музокира шуданд. Намояндагони мардум тарафи хукуматро муттаҳам карданд, ки ҷониби хукумат ваъда дод, ки субҳи рӯзи 24 июл ба хотири ҳалли мусолиматомези қазия бори дигар бо мардум ҷаласа баргузор мекунанд, вале ҷониби ҳукумат аҳдшиканона субҳи 24 июл амалиёти низомиро якбора дар се маҳаллаи шаҳр Хлебзавод,УПД ва Бархоруғ шурӯъ карданд.

Мақомот интизор буд, ки амалиётро дар ду-се соат ба анҷом мерасонанд, вале он бинобар муқовимати сахт ба дарозо кашида, бо нигаронӣ аз талафот ва хисороти зиёд ба биноҳо, сокинон рӯҳияи зидди хукуматӣ пайдо карда, ба кӯчаҳо баромаданд ва ба бунёди сангарҳо пардохтанд. Ҳамчунин теъдоди зиёди мардум дар назди бинои Раёсатии амнияти миллӣ гирд омада буданд.

Вазири дифоъ то соати 14-и 25 июл оташбас эълон кардааст. Дар ин муддат бояд аркоми дақиқи талафшудагон муайян ва захмиён ба беморхонаҳову қурбониён ба тарафҳо супурда шаванд. Баррикадаҳо аз ҷодаҳои шаҳр бардошта шуда, мардум ҷодаҳои шаҳрро тарк намоянд.

Чор нафар нафар ашхоси гумонбар ба дасти Раёсати корхои дохила супурда шаванд ва тибқи тақозои мардум бояд мақомоти ҳифзи хуқуқи худи минтақа қазияи онхоро тибқи қонун баррасӣ кунанд. Ашхоси силоҳбадаст бояд силоҳашонро ба мақомоти раёсати корҳои дохилаи вилоят таслим намоянд ва ба гуфтаи вазири дифоъ, президенти кишвар авф шудани чунин ашхосро кафолат додааст.

Тақозои мардум ин аст, ҳама гуна муомила ва қарордод бинобар ба аҳдшиканӣ  роҳ надодан бояд дар санади дутарафа зикр ёбад. Амалиёти низомӣ дар Хоруғ дар ҳоле пиёда шуд, ки мардум ба таҷлили 80 солагиии Хоруғ  дар охири моҳи август омодагӣ медид ва қарор буд, ки президенти кишвар дар ин маросим ширкат меварзад.

Дар хамин ҳол бинобар мушоҳидаҳо биноҳои зиёди истиқоматӣ, бинои ҷамоатхона, хобгоҳи мактаб-интернати Хоруғ, толори варзиши аз чониби нерӯҳои ҳукумат тахриб шуданд. Арқоми талафот аниқ карда мешавад. Сарбозони асир дар хонаҳои мардум ҷо дода шуда, пас аз кӯмак ба онҳо, ба мақомоти давлатӣ супурда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол тавре дида мешавад, ҷангиён  дар ҷараёни задухӯрди рӯзи 24 июл  дар наздикии кӯпруки калони шаҳр зиреҳпуши нерӯҳои интизомиро зада, сарнишинони он ба ҳалокат расиданд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ дар рӯзи гузашта, 42 нафар, аз ҷумла, 30 ҷангӣ ва 12 нафар аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон, ки узви ин гурӯҳ буданд, боздошт шудаанд.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 25.07.2012 12:06
салом ман аз давлати фели як хохиш дорам ки амнияти мардума хуь куна уи харуз кушта натан
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi