19:42:00 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БЕГ ЗУҲУРОВ: «ЯК ТИР ТАМОМИ АЛОҚАРО БО БАДАХШОН ҚАТЪ КАРД»

Сабаби қатъ шудани алоқа дар Бадахшонро тайи 3 рӯзи ахир Хадамоти алоқа дар мушкили фаннӣ арзёбӣ кард. Бег Зуҳуров - раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикиcтон чанд лаҳза пеш дар нишасти хабарӣ ба журналистон гуфт, алоқа дар Бадахшон бо иллати тир расидан ба хати асосии нурӣ дар давоми амалиёти низомии Хоруғ қатъ гардид.

/images/stories/2012/07/26_begzuhurov-260712.jpgБег Зуҳуров афзуд: «Хати нурие, ки алоқаро дар минтақа таъмин мекунанд ҳавоӣ аст ва он бояд зери заминӣ бошад. Ширкатҳои хадамоти алоқа, ки дар кишвар фаъолият мекунанд, ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. Аммо феълан онҳо бештар дар андешаи тиҷоратанд. Ин таҷриба барои мо бояд дарс бошад, мо хати захиравӣ надоштем, дар ҳоле ки бояд мебуд. Дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ ҳазорҳо шаҳрвандон аз хориҷа ба мо занг мезаданд ва мехостанд,ки аз Бадахшон иттило бигиранд. Аммо ин имконпазир набуд. Ҳоло мо кӯшиш дорем, ки алоқаро барқарор кунем, кормандони мо онҷо заҳмат мекашанд».

Бег Зуҳуров ба суоли хабарнигорон, ки  чӣ гуна як тир метавонад тамоми вилоятро дар бунбасти иттилоотӣ қарор диҳад гуфт: «Як тир метавонад, алоқаро пурра қатъ кунад. Агар ба ноқили асосӣ расад. Ба воситаи моҳвора истифодаи алоқа хеле гарон аст. Як диқиқааш, қариб як доллар аст».

Бег Зуҳуров афзуд, онҳо дар мавриди қатъ кардани алоқа дар Бадахшон аз ягон вазорат супориш нагирифтаанд: «Ягон вазорат ба мо супориш дода наметавонад,ки алоқаро қатъ кунед», гуфт ӯ дар посух ба нигарониҳои журналистон.

Бег Зуҳуров, гуфт Хадамоти алоқа аз Русия 150 телефони моҳвораи харидорӣ карда ба Бадахшон фиристодааст, то ин ки сокинони деҳоти ин вилоят имкони дар тамос шудан бо пайвандонашон дар хориҷи кишварро дошта бошанд.

Дар мавриди фурсати барқарор шудани алоқа дар Бадахшон Б. Зуҳуров гуфт, «рӯзҳои наздик барқарор мешавад».

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi