13:26:24 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

АФВИ БАЙНАЛМИЛАЛ: МАЗНУН БА ҚАТЛИ ПАЙВАНДИ РАҲМОН ШИКАНҶА МЕШАВАД

Созмони Афви Байналмилал аз созмонҳои муътабари дифоъ аз ҳуқуқи башар бо интишори баёнияе гуфтааст марди 45 солае, ки ба занни қатли шавҳари хоҳари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таърихи 13 июл боздошт шуда буд, ба гуфтаи шоҳидони айнӣ мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтааст, то иртикоби қатлро бар уҳда бигирад.

/images/stories/2012/07/25_amnesty_internatio-250712.jpgИн созмон мегӯяд ҷасади шавҳари хоҳари бузурги президент Раҳмон ба таърихи 13 июн кашф шуд. Дар ноҳияи сари ӯ чандин зарби гулӯла ба мушоҳида мерасид. Афви Байналмилал мегӯяд фарди мазнун пас аз он ки дар манзили ӯ дар як зарфи об муҳиммоти ҷангӣ кашф шуд ба таърихи 13 июл ба занни иртикоби қатл ва ширкат дар амали теруристӣ боздошт шуд.

Ин мард гуфтааст муҳимоти кашфшуда ба ӯ тааллуқ надорад, балки замоне бори саввум пулис манзилашро бозрасӣ мекард тавассути пулис ҷойгузорӣ шудааст. Ба навиштаи ин созмон агарчи дар ҷараёни нахустин бозпурсӣ тавассути мақомот вакили мудофеъи ин фард ҳузур дошта, фарди мазнун аз таърихи 16 ило 21 июл иҷозаи мулоқот бо вакили мудофеъро надоштааст.

Бано ба иттилоъи Афви Байналмилал, ки аз қавли манобеъи маҳаллӣ гузориш кардааст, фарди мазнун дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе, ки ҳанӯз он ҷо нигаҳдорӣ мешавад, шадидан шиканҷа шудааст. Дар ин боздоштгоҳ аз хӯрдани ғазо, об тавассути ин фард ҷилавгирӣ шудааст ва аз хоб рафтани ӯ монеъ шудаанд ва ӯро водор кардаанд тамоми шаб сари по бошад. Ба гуфтаи ин созмон ӯ аз ноҳияи гӯшҳо мавриди зарбу шатм қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад бинии ӯ шикастааст ва ӯ мавриди шиканҷаи равонӣ ба шумули таҳдид ба аъзои хонаводааш қарор гирифтааст. Афви Байналмилал мегӯяд ба ин мард, ки ҳуввияти ӯ расман эълон нашудааст, танҳо дар ҳузури вакили мудофеъ иҷозати сарфи ғазо ва истироҳат дода мешавад, агарчи пайвандони ӯ дар рӯз се бор барояш ғазо меоранд.

Гуфта мешавад ӯ пас аз ҳар мулоқот бо вакили мудофеъ мавриди лату кӯб қарор мегирад то ба иртикоби иттиҳомоти ворида эътироф кунад. Афви Байналмилали мегӯяд фарди мазнун тавассути маъмурони Вазорати кишвар бо мошини дорои шишаҳои тира ба маҳалли иртикоби ҷурм бурда мешавад ва мавриди лату кӯб қарор мегирад.

Ба таърихи 21 июл вакили мудофеъи мазнун аз маъмурони додситонии кулли Тоҷикистон тақозо кардааст то нисбати муваккилаш ташхиси пизишки қонунӣ анҷом шавад, аммо гузориш шудааст, ки ин тақозо рад шудааст. Ҳамчунин гузориш мешавад, ки хонум ва писари мазнун водор сохта шудаанд, то алайҳи ӯ шаҳодати сохтагӣ бидиҳанд.

Созмони Афви Байналмилал аз тамоми афрод, созмонҳо ва расонаҳо хостааст то мақомоти Тоҷикистонро водор ба ҳимояти фарди мазнун аз шиканҷа ва таҳқиқи иддаъо дар бораи шиканҷаи ӯ ва муҷозоти афроди масъул дар ин амр кунанд.

Ин созмон аз онҳо даъват кардааст аз мақомот тақозо кунанд то ташхиси пизишкии қонунии фарди мазнун ба қатли шавҳари хоҳари президент Раҳмон сурат бигирад.

Афви Байналмилал хостор шудааст то ин фард танҳо дар ҳузури вакили мудофеъ бозпурсӣ шавад ва мақомот ба сурати фаврӣ барои ҳимояти аъзои хонаводаи ӯ иқдом кунанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi