НАЗАР КАРДАН БА ҚУРЪОН ҲАНГОМИ НАМОЗИ ТАРОВИҲ
ОЁ ДУРУСТ АСТ?
Имрӯзҳо одати наве байни намозгузорон ҷаҳони ислом, аз он ҷумла дар Тоҷикистон низ ҳини хондани таровиҳ пайдо шудааст. Бархе аз ибодаткунандагон Қуръон дар даст аз пушти имом истода хондани ӯро мутобиатӣ мекунанд. То кадом дариҷа ин амали онҳо шаръан дуруст аст?
Дар посухи ин суоли як гурӯҳи намозгузорон устоди Донишгоҳи Умулқуррои Арабистони Саъудӣ ва узви ҳайати уламои Созмони Маркази Шаръӣ дар Миср доктор Мунир Ҷумъа чунин гуфтааст: «Дар бораи назар кардани маъмум-намозгузоре, ки аз пушти имом намоз мехонад, ба Қуръон далели сареҳ- саҳеҳ ё заъиф вуҷуд надорад. Аммо ривояте аз худи ҳазрати Оиша аст, ки тибқи он ҳангоми намоз хондан ба Қуръон имом назар карда метавонад, на маъмум».
«Имрӯз News» тасмим гирифт ин мавзӯъро аз нигоҳи уламои мазҳабии кишвар низ пайгирӣ намояд, то интихоби хонанда дар ин маврид васеътар бошад. Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи Фатвои Маркази исломии Тоҷикистон роҷеъ ба ин масъала ба «Имрӯз News» гуфт: «Мутобиқи мазҳаби мо онҳое, ки дар даст Қуръон гирифта имомро мутобиатӣ мекунанд, дар намоз ишколе ба вуҷуд намеоранд. Аммо имом наметавонад аз рӯи Қуръон дар намоз қироати Қуръон кунад ва ин масъала дар китобҳои фиқҳии мазҳаби аҳноф бо тафсилоти бештар зикр гардидааст ».
Дар ҳамин ҳол раиси Шӯрои Уламои ҲНИТ Зубайдуллоҳи Розиқ назари дигар дошта, дар сӯҳбат бо мо дар ин бора чунин изҳор дошт: «Қироаткунанда новобаста аз имом ва маъмум будан агар Қуръонро варақ зада дар намоз аз рӯи он хонад, аз назари Имоми Аъзам амали касир маҳсуб шуда, намоз фосид мешавад. Аммо имом Абӯюсуф ва Имом Муҳаммад мегӯянд, ки боке надорад ва қироат кардан ибодат аст ва ин ибодат бар болои ибодат хуб аст.
Вале фақат ба хотири шабеҳ будан ба яҳуду насоро, ки онҳо аз рӯи китоб мехонанд, аз рӯи Қуръон хонданро дар намоз макрӯҳ медонанд. Аммо имом Шофеӣ бошад, ривояте аз замони ҳазрати Оиша (р)-ро, ки Заквон мавлои ҳазрати Оиша (р) аз рӯи Қуръон нигоҳ карда ба ӯ ва чанд тани дигар аз бонувони намозгузор дар намози таровеҳ хатми Қуръон мекардааст, далел оварда ин амалро мубоҳ медонад»
Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3043-2010-09-04-05-00-56.html
-
20.10.2026 15:45
212
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
195
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
369
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
318
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
828
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
789
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
16.10.2026 22:15
349
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
173
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
10.10.2026 12:45
205
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
12.10.2026 00:59
432
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
355
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
448
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
20.10.2026 15:33
182
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
19.10.2026 22:17
190
Иттиҳоди сабзи Душанбе ва Ереван: Тоҷикистону Арманистон экосистемаҳо ва пиряхҳоро якҷоя ҳифз мекунанд
-
19.10.2026 22:15
191
Экология ва амнияти озуқаворӣ: Мавқеи Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург
-
19.10.2026 22:20
169
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
246
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
14.10.2026 23:06
377
Ишқи заминӣ ва осмонӣ: Сирри ғазалиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
-
30.09.2026 11:18
311
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
423
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
230
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
396
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
344
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
570
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
214
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
255
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
867
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
630
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2447
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1513
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
12.10.2026 00:57
410
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
311
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
04.10.2026 20:51
374
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
14.10.2026 23:13
478
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
389
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
380
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































