03:05:01 21-уми Октябри 2026 сол

Мулоқот бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф

19 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

55597968302 cd2b7f6090 bДар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо иштироки Ҷумҳурии Исломии Эронро дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай муҳим медонем.

Аз раванди густариши муносибатҳо ва муколамаи пайвастаи сиёсӣ миёни ду кишвар дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳори қаноат карда шуд.

Ба густариши пайгиронаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок, инчунин, масъалаҳои васеъ намудани номгӯи молу маҳсулот барои тиҷорати дуҷониба ва рушди истеҳсолоти муштарак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Тақвияти минбаъдаи ҳамкории фарҳангиву башарӣ муҳим дониста шуд.

Дар ҷараёни суҳбат мавзӯъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.

president.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854