ИТТИҲОДИЯИ АВРУПО МУНТАЗИРИ ЭКСПЕРТИЗАИ РОҒУН АСТ
Иттиҳодияи Аврупо гуфт, мунтазири натиҷаи ташхиси тарҳи Роғун аст, ки аз тарафи гурӯҳи бозрасони БҶ анҷом мешавад.
Кетрин Эштон-раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамзамон муовини раиси Комиссияи Аврупо иброз доштааст, ки кӯшишҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар кафолати таҳқиқи мустақили фаннии лоиҳаи такмили нерӯгоҳи барқу оби (НБО) Роғунро дастгирӣ намуда, интизори натиҷаи он аст.
Дар изҳороте, ки рӯзи ҷумъаи 31-уми август дафтари матбуотии Эштон нашр намуд, гуфта мешавад, ки номбурда аз таҳқиқоти иловагии Бонки Ҷаҳонӣ дар масъалаи роҳҳои алтернативии таъмини энергетикии минтақа низ пуштибонӣ мекунад.
Ба қавли Эштон ин таҳқиқот бояд дар танзими муколамаи созанда дар байни тамоми кишварҳои манфиатдор оиди ин лоиҳа ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаву истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ҳамчун заминае хидмат кунад.
Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари поёнобро ба чунин муколамаи пойдор бар шаҳодатҳо ва таҳкими механизмҳои истифодаи обу энергияи минтақа даъват мекунад.
Хонум Эштон бар ин назар аст, ки ҳар гуна лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ бояд фақат дар сурате татбиқ шавад, ки пажӯҳишҳои мустақили байналмилалии қобили эътимод аз он пуштибронӣ кунанду таъсири эҳтимолии он арзёбӣ шуда бошад. Бар илова раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо таъкид кардааст, ки дар ин гуна лоиҳаҳо манфиати тамоми ҷонибҳо бояд мадди назар гирифта шудаву роҳҳои ҳалли дарозмуддати қобили қабули ҳамаи ҷонибҳо ҷустуҷӯ шавад.
Ҷои ёдоварист, ки рӯзи ҷумъа ҳамчунон Бонки Ҷаҳонӣ эълон карда буд, ки сармоягузории барномаи коҳиши талафоти нерӯ дар Тоҷикистонро идома дода, бо ин ҳадаф 18 миллион доллари иловагӣ тахсис медиҳад. Ин иқдоми бонк имкон фароҳам меорад, ки кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи беҳбуди назорати молӣ, беҳбуди пулғундорӣ ва рушди дарозмуддати соҳаи нерӯи барқ ва гази табиӣ давом кунад. Иҷрои барномаи коҳиши талафоти энергия дар Тоҷикистон соли 2005-ум шурӯъ шудааст.
Аслан Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ дар моҳи феврал иброз дошт, ки барои татбиқи барномаи коҳиши талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон 18 миллион доллари иловагӣ тахсис дода, маблағи умумии онро то ба 38 миллион доллар хоҳад расонд.
Ҳамчунон ҳукумати Швейтсария ба хотири иҷрои ин лоиҳа 8 миллион долар ба ҳайси грант тақдим мекунад.Барномаи коҳиши талафоти нерӯ дар Тоҷикистон бояд беҳбуди ҳисоби истифодаи нерӯ ва пулғундорӣ вазъи молии соҳаи мазкурро тақвият бахшад. Иҷрои барнома имкон медиҳад, ки муштариён пули энержии воқеан истифодашударо пардохт намоянд. Ин лоииҳа ҳамчунон истифодаи беҳтари нерӯ дар фасли зимистон ва тармиму таъмири нерӯгоҳи барқ оби Норакро мадди назар дорад.
Дар соли 2010-ум бо назардошти мухолифатҳои шадиди Узбакистони ҳамсоя Тоҷикистон таҳқиқ ё худ экпертизаи фаннӣ ва зистмуҳитии тарҳи Роғунро раҳандозӣ намуд, ки ташкилу таъмини молии онро Бонки Ҷаҳонӣ бар дӯш гирифтааст. Қаблан пешбинӣ мешуд, ки гурӯҳи бозрасон то моҳи сентябри соли 2013-ум ташхиси Роғунро ба охир мерасонад.
«Озодӣ»
-
22.03.2026 15:27
344
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
472
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
02.03.2026 23:41
288
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
-
26.09.2025 12:45
1133
«Абумуслими Хуросонӣ бузургтарин қаҳрамонии миллии тоҷикон!”
-
26.09.2025 12:42
923
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
1234
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
15.03.2026 21:05
156
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
868
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
886
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
600
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1269
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2210
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
29.03.2026 14:35
346
Маълумотнома оиди парвандаҳои ҷиноятии дар суд баррасӣ ва қарори ниҳоӣ қабулгашта
-
15.03.2026 21:06
172
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
-
28.02.2026 22:52
180
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
-
19.03.2026 23:09
438
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
19.03.2026 23:06
445
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бод!
-
19.03.2026 23:04
424
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
-
10.12.2025 16:56
770
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1109
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1050
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2183
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2255
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3265
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
403
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1778
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1897
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
885
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1066
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1055
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
15.03.2026 21:02
195
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
-
26.07.2025 17:17
1271
«Ҷавонон ва маърифати ҳуқуқӣ!»
-
27.04.2025 14:10
1603
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
07.10.2019 10:46
4271
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4499
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4805
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?











































Шарҳҳо
RSS Обуна