«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик бо хушнудӣ ба таваҷҷуҳи хонандагон ва ҳаводорони китоб мерасонад, ки асари тозанашри «ШАҲРВАНД, СИЁСАТМАДОР, САРБОЗ»-ро ба чоп расонид.
Ин китоб, ки ба қалами муаллифони рус Александр Ляховский ва Вячеслав Некрасов тааллуқ дошта, аз ҷониби номзади илмҳои таърих Амирҷон Нурзода (Амирчон Нуров) ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, ба зиндагӣ ва фаъолияти Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд бахшида шудааст.
Дар китоби «Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз» шумо метавонед бо ҷанбаҳои мухталифи шахсияти Аҳмадшоҳ Масъуд ошно шавед:
Сарбоз: Муборизаҳои ӯ бар зидди нерӯҳои шӯравӣ ва баъдан муқовиматаш бо Толибон.
Сиёсатмадор: Нақши ӯ дар таҳаввулоти сиёсии Афғонистон дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI.
Шаҳрванд: Талошҳои ӯ дар роҳи озодии мардуми худ, ки барои он ҷонашро нисор кард.
Муаллифон дар ин асар бо такя ба маводи нодири бойгонӣ ва хотироти ҳамсангарону мухолифони Аҳмадшоҳ Масъуд симои воқеии ин фармондеҳи таърихиро тасвир кардаанд.
Китоб дар заминаи воқеаҳои имрӯзаи Афғонистон ва ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо роҳбарии писараш Аҳмади Масъуд аҳаммияти хосса касб мекунад.
Барои харидории китоб метавонед ба Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик муроҷиат намоед:
ш. Душанбе, хиёбони Н. Қаробоев, 17
Тел: (992 37) 233 35 71
Теъдоди нашр маҳдуд аст — 500 нусха!
Нарх: 90 сомонӣ
















