09:34:52 18-уми Июли 2025 сол

Покистон: Дар чор рӯз 475 нафар аз гармо фавтидааст

Дар чор рӯзи ахир дар музофоти Синд, ҷануби Покистон аз гармои шадид 475 нафар фавтидааст.

Мутахассисони соҳаи тибби Покистон иброз медоранд, ки бештари ҳалокшудагон сокинони шаҳри Карочӣ-маркази музофоти Синд ва дигар шаҳрҳои бузурганд, ки гармии ҳаво дар он манотиқ 45 дараҷаро ташкил медиҳад.

Расонаҳои хабарии Покистон иттилоъ медиҳанд, ки қатъи пайдарпайи неруи барқ дар ин шароит мушкилотро боз ҳам зиёд мегардонад.

Гуфта мешавад, мақомоти Покистон дар ҳамкорӣ бо неруҳои низомӣ барои наҷоти зарардидагони мавҷи гармо дар нуқтаҳои гуногуни Карочӣ марказҳои тиббии муваққатӣ бунёд менамоянд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ