21:39:43 22-уми Августи 2025 сол
ВКД: "Назарзода зинда аст ва иҳота шудааст" 13.09.2015 23:51 1119
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, генерал Абдуҳалим Назарзода−собиқ муовини вазири мудофиа дар муҳосира қарор дорад, аммо макони аниқи будубоши ӯ то ба ҳол муайян нашудааст.
Даргузашти эшони домулло Алломаи Регарӣ 10.09.2015 07:49 1173
Дирӯз, соати 8-и субҳ,дар шаҳри Турсунзода яке аз уламои маъруфи дини мубини исломи кшвар эшони домулло Аллома, машҳур бо тахаллуси «Регарӣ», дар синни 68-солагӣ доии аҷалро лабайк гуфт ва ба ҷавори Ҳақ пайваст.
Ҷашни истиқлол муборак, ҳамватанони азиз! 09.09.2015 12:20 898
Ҳамватанони азиз! Фарорасии ҷашни “Рӯзи истиқлолияти давлатӣ”-ро барои якояки Шумо самимона табрик гуфта бароятон аз даргоҳи Парвардигори азимушшаън пеш аз ҳама тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори босаъодатро орзу менамоем.
Оғози сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат 06.09.2015 11:42 1033
Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоию саноатӣ ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар як зумра иншооти дигар ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.
Боздошти ду афсари Вазорати дифоъ дар робита ба ҳамлаҳои 4 сентябр 06.09.2015 11:40 832
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ду афсари Вазорати дифоъро барои "мусоидат" ба иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбеву Ваҳдат, ки беш аз бист кушта бар ҷой монд, муттаҳам мекунад.
Раддияи Вазорати корҳои дохилӣ 05.09.2015 14:52 1153
Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки ахбороти дар сомонаи «Азия-Плюс» паҳнгашта оиди он, ки вобаста ба ҳодисаҳои рухдода гӯё 33 нафар кормандони ВКД ва Вазорати мудофиа ба ҳалокат расида бошанд, ҳақиқат надорад ва аз тарафи СААД (ОДКБ) чунин иттилоот низ дода нашудааст.
Умар Бобоҷонов баъди як ҳафтаи беҳушӣ даргузашт 05.09.2015 14:51 868
Умар Бобоҷонов, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербурги Русия, ки ба иддаои наздиконаш шаби 28 август гӯё аз сӯи маъмурони пулис латту кӯб шудааст, дар бемористон даргузаштааст.
Ҳукумат ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" муҳлат додааст, ки таслим шавад 05.09.2015 12:45 898
​Бино ба иттилои як манбаи мо дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ҳукумат аз Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳонаш тақозо кардааст, ки бидуни хунрезӣ худро таслим кунанд.
ВКД: Тафсилоти ҳуҷуми мусаллаҳона 05.09.2015 12:45 1028
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз 4-уми сентябри соли 2015, соати 04:28-дақиқа аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии ...
ҲНИТ: “Ҳоҷӣ Ҳалим” аз мо набуд 05.09.2015 09:46 889
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз он ки мақомот Абдуҳалим Назарзода - муовини, инак, собиқи вазири дифоъ ва Зиёраддин Абдуллоев -- корманди кушташудаи Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдатро узви ин ҳизб муаррифӣ кардаанд ...
Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 - солагии Ҳамадонӣ 04.09.2015 22:19 862
«Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ» таҳти чунин унвон 5-6 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ба ифтихори 700 -солагии шоир, ориф ва мутафаккири бузурги машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1386) симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.
Падидаҳои номатлуби фарҳанги либоспӯшии занону ҷавондухтарон 04.09.2015 22:15 839
Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудирон, шуъбаҳо ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе, фаъолзанон ва раисони шаҳракҳои ин маҳаллаҳо вохӯрӣ баргузор гардид.
Муаррифии имконоти иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон дар Олмон 04.09.2015 22:14 856
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар радифи беш аз 50 сафоратхона ва 60 созмони ғайридавлатӣ дар чорабинии анъанавии рӯзи дарҳои кушоди Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон, гӯшаи иттилоотию маърифатӣ...
Мақомоти корҳои дохилии кишварҳои ИДМ тартиби табодули ахборро муҳокима карданд 04.09.2015 22:13 770
Намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМҷараёни амалисозии барномаҳои байнидавлатии мубориза боҷинояткорӣдар самти технологияи иттилоотӣ, муқобилият ба дуздии воситаҳои нақлиётӣ
Хабари таъҷилии ВКД Тоҷикистон 04.09.2015 09:45 918
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи мусаллаҳона ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат хабари таъҷилӣ интишор намуд.Дар ин хабар таъкид мешавад, ки ҳодисаи мазкур нисбати Умар Бобоҷонов ягон дахолат надорад.