Радди таҷаммӯи ҷангиёни ДИИШ дар марзҳои Тоҷикистон
04.11.2015 22:31
994
Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабарҳоро дар мавриди таҷаммӯи ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар тӯли марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рад кард.
Суқути АН-12-и Тоҷикистон дар Судони Ҷанубӣ даҳҳо кушта боқӣ гузошт
04.11.2015 22:29
943
Ҳавопаймои АН-12, ки субҳи 4 ноябр дар Судони Ҷанубӣ суқут кард, ба номи ширкати Asia Airways-и Тоҷикистон сабт шудааст. Дар пайи ин садама ҳадди аққал 25 нафар ҷон бохтаанд.
Боло бурдани маошу нафақа ба вақти номуайян ба таъхир афтод
26.10.2015 21:27
1102
Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки бинобар вазъи ногувори буҷа ва буҳрони молиявӣ, боло бурдани маоши кормандони давлатӣ то муддати номуайян мавқуф гузошта шудааст.
Муноқиша ба марг анҷомид
26.10.2015 21:25
1033
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Аштро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ дастгир намуданд.
Парвариши ғайриқонунии зироатҳои нашъадор
26.10.2015 21:23
1095
Санаи 25.10.с.2015, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз замини наздиҳавлии марди 55-солаи сокини ноҳияи Бохтар, 2-бех ниҳоли нашъамонанд ва 3-адад навдаҳои хушконидашудаи ниҳоли нашъамонанд ...
Дастгир гардидани гурӯҳи дуздон
26.10.2015 21:21
981
Рӯзи 25.10.с.2015, дар ноҳияи Бохтар зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кирдорҳои гурӯҳи ҷинояткороне, ки пайваста даст ба дуздии чорвои калони шохдори сокинони ин ноҳия мезаданд, ошкор карда шуд.
Куштор дар ҳолати мастӣ
26.10.2015 21:18
1304
Санаи 24.10.с.2015, соати 08:00-дақиқа аз дохили бинои чойхонаи деҳаи Панҷруди шаҳри Панҷакент, ҷасади марди 53-солаи сокини ҳамин шаҳр, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Ифтитоҳи зеристгоҳи “Ваҳдат” дар шаҳри Хуҷанд
20.10.2015 23:47
1113
Дар шаҳри Хуҷанд дар идомаи сафари корӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи “Ваҳдат” - ро ифтитоҳ намуд. Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки зеристгоҳи барқии «Ваҳдат» бузургтарин иншооти нави энергетикӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Хуҷанд аст.
Ифтитоҳи Корхонаи коркарди чӯбу тахтаи “Арча” дар шаҳри Хуҷанд
20.10.2015 23:45
1342
Худи ҳамин рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди чубу тахтаи “Арча”-ро, ки дар назди Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Фортуна ва компания” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.
Ифтитоҳи корхонаи “Ресандаи Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд
20.10.2015 23:43
1014
Дар шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон” - и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуд.
Дар Петербург нахустин фурӯшгоҳ барои бехонумонҳо боз шуд
12.10.2015 22:42
1001
Бо талоши созмони хайриявии «Паноҳгоҳ» ва мағозаи хайриявии «Сипос!»-и Петербург дар ин ҷо барои овораҳо фурӯшгоҳе боз шуд, ки ба он ҷо сокинони шаҳр либоси дасти дуи худро ба он меоваранд.
Филми қирғизӣ ба рӯйхатти даъвогарони ҷоизаи «Оскар» ворид гашт
12.10.2015 22:41
1017
Филми коргардони қирғиз Мирлан Абдикаликов «Сутак» («Кӯчманчигии осмонӣ») ба феҳрасти даъвогарони ҷоизаи «Оскар» дар бахши «Беҳтарин филм ба забони хориҷӣ» ворид шудааст.
Дар Симферопол фаъоли тотор Эскандер Небиев боздошт шуд
12.10.2015 22:40
967
Шоми 9 октябр дар Қрим собиқ наворбардори шабакаи телевизионии тоторҳои Қрим ATR Эскандер Небиев боздошт шуд.Вай ҳамзамон писари гумонбар ба ҳамла ба истгоҳи ёрии таъҷилӣ дар Симферопол Бекир Набиев мебошад.
Барои маълумот дар бораи ҳамлагар ба хабарнигор дар Алмаато ҷоиза дода мешавад
12.10.2015 22:37
1183
Соҳибкори қазоқ Ерлан Нурпеисов барои маълумот дар бораи нафаре, ки журналист ва блогнавис Ботогоз Жумановаро дар Алмаато латукӯб кард, ҷоиза эълон кард. Вай дар сафҳаи худ дар шабакаи Facebook навишт, ки барои чунин иттилоъ 100 000 тенге медиҳад ва аз тоҷирони дигар даъват кард, ки «барои иттилоъ ба хабардиҳанда ҷоизаро ....
Дар Москва аз «амали нави террористӣ ҷилавгирӣ шудааст»
12.10.2015 22:35
1011
Даҳ шаҳрванди Осиёи Марказӣ дар Москва ба гумони омода кардани амали террористӣ боздошт шуданд. Дар ин бора «Интерфакс» ба нақл аз ниҳодҳои интизомӣ хабар додааст. Аз боздоштудагон таҷҳизоти тарканда бо иқтидори қариб панҷ килограмм тротил мусодира шудааст.