15:33:43 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ифтитоҳи корхонаи “Ресандаи Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон” - и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуд.

khujand_resandagi.jpgАрзиши корҳои барқарорсози корхона 2 миллион сомонӣ буда, коркарди  солонаи он 4,5 ҳазор тонна нахи пахта мебошад. Корҳои навсозии корхона бо дастгирии ширкати олмонии БИМЭКО сурат гирифта, дар як сол дар ин ҷо ба маблағи 35 миллион сомонӣ риштаи пахтагин истеҳсол карда мешавад. Дар навбати аввал 350 нафар занҳои хонашин бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи корхона намоишгоҳи маҳсулоти саноатиро тамошо кард. Баъди ифтитоҳи корхона зимни боздид аз он бо шароити кор аз наздик шинос шуд ва бо коргарону мутахассисон, ки аксарияташонро занон ташкил медиҳанд, суҳбати самимӣ доир кард.

Тавре маълум шуд, роҳбарии корхонаро соҳибкорзан Равзанабону Неъматуллоева ба уҳда дорад ва коргоҳи ресандагиро аз ширкати «Сомон Суғд» ба муҳлати дароз ба иҷора гирифтааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ғайрату иродаи қавии ин зани тоҷик аҳсан хонда, ба онҳо дар пешбурди кори роҳбарӣ ва истеҳсоли маҳсулоти бозоргир барору комёбӣ орзу намуд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ин зани ботаҷриба на танҳо корхонаи куҳнаро барқарор кард, балки як қисми иқтидори корхонаро эҳё карда, маҳсулоти ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро истеҳсол карда истодааст.

Равзанабону Неъматуллоева ба Президенти мамлакат ваъда дод, ки дар сурати пешравии корҳо оянда бо барқарор кардани навбати дуюми коргоҳ то соли 2016 боз барои 400 нафар занони хонашин ҷойи кори доимӣ таъсис медиҳад.

Занону бонувони хонашин, ки дар ин корхона бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ба пешвои миллат барои ғамхории ҳамаҷониба изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои саноатӣ агар аз як ҷониб афзоиши истеҳсоли маҳсулоти гуногуни ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад, аввалтар аз ҳама таъмини сокинон бо кор ва маоши хуб аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба коргарон дар бораи дастгирии ҳукумат аз соҳибкории хурду миёна ва маблағгузории он ёдовар шуда, изҳор дошт, ки барои пешрафти кори соҳибкорони ватанӣ тамоми имтиёз ва шароитҳо муҳайё гардидааст ва минбаъд низ онҳо ба таври васеъ дастгирӣ меёбанд.

http://president.tj/node/10155

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi