15:27:08 30-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Суқути АН-12-и Тоҷикистон дар Судони Ҷанубӣ даҳҳо кушта боқӣ гузошт

Ҳавопаймои АН-12, ки субҳи 4 ноябр дар Судони Ҷанубӣ суқут кард, ба номи ширкати Asia Airways-и Тоҷикистон сабт шудааст. Дар пайи ин садама ҳадди аққал 25 нафар ҷон бохтаанд.

suqut-65585454Масъулони ширкати тоҷикистонии "Asia Airways", ки ҳавопаймои АН-12 бо номи он сабт шудааст мегӯянд, ки дар дохили ҳавопаймо он ягон шаҳрванди Тоҷикистон набуд. Нарзиқул Ҳамроев, мудири кулли ин ширкат, дар суҳбат бо мо гуфт, садамаи ҳавопаймо тақрибан чор соати пеш рух дода, халабонҳояш асосан арманиҳо будаанд.

Бино ба хабарҳо, бар асари суқути ҳавопаймои АН-12 дар Ҷуба, пойтахти кишвари африқоии Судони Ҷанубӣ дастикам 25 нафар ҷон бохтаанд. Гуфта мешавад, ин ҳавопаймо рӯзи 4 ноябр ба қасди Палоч дар аёлати Нили боло парвоз мекард, вале дар наздикии фурудгоҳи байналмилалӣ суқут кард. Бархе гузоришҳо, шумори кушташудаҳоро то 40 нафар мегӯянд.

Намояндагии дипломатии Русия дар Угандаи ҳамсоя гуфт, гузоришҳо дар бораи шаҳрванди Русия будани 5 узви ҳалокшудаи ҳайати сарнишинони ин ҳавопайморо таҳқиқ мекунад. Сухангӯи президенти Судони Ҷанубӣ Атени Век гуфт, ду нафар – як узви экипаж ва як кӯдак – аз ин сониҳа ҷони солим ба дар овардаанд. Расонаҳо мегӯянд, ҳавопаймои АН-12 чанд лаҳза баъди парвозаш суқут кард ва болои моҳигирону сокинон афтод, ки ба навиштаи онҳо дар канори Нили Сафед машғули кор будаанд.

Нарзиқул Ҳамроев мегӯяд, иллати садамаи ҳавопаймои онҳо маълум нест ва мушаххасоташ танҳо баъд аз анҷоми таҳқиқот маълум мешавад. Ба қавли ӯ, ин ҳавопаймо бар асоси қарордод дар истифодаи ширкати “Ала Интернешнл” қарор доштааст, ки дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сабтином шудааст.

"Ҳавопаймо аз ширкати тоҷикӣ аст ва аммо барои истифода ба як ширкати сабтшуда дар Иморот дода шудааст. Мо суғурта ё бима ҳам дорем. Албатта, намояндаи мо дар таҳқиқи ин ҳодиса ҳузур хоҳад дошт ва танҳо таҳқиқ рӯшан мекунад, ки иллати садама чӣ буд. "Ала Интернешл" ба тамоми ин масъалаҳо машғул хоҳад шуд," – афзуд Ҳамроев.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Комсомолская правда"-и чопи Маскав навиштааст, ки ин ҳавопаймо дар тӯли солҳои 2007-2014 дар Арманистон истифода шуда, ҳамагӣ як соли пеш аз ҷониби ширкати тоҷикистонӣ харидорӣ шудааст.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi