00:37:52 07-уми Июни 2025 сол

Филми қирғизӣ ба рӯйхатти даъвогарони ҷоизаи «Оскар» ворид гашт

Филми коргардони қирғиз Мирлан Абдикаликов «Сутак» («Кӯчманчигии осмонӣ») ба феҳрасти даъвогарони ҷоизаи «Оскар» дар бахши «Беҳтарин филм ба забони хориҷӣ» ворид шудааст.

sutak-654554.jpgДар соли ҷорӣ дар бахши «Беҳтарин филм ба забони хориҷӣ»-и «Оскар» 81 филм рақобат мекунанд. Даъвогарони аслӣ барои ин ҷоиза 14 январи соли 2016 эълом шуда, маросими тақдим 29 феврал баргузор мешавад.

Асли қиссаи филми «Сутак» аз он иборат аст, ки дар кӯҳҳои баланди Қирғизистон дар оилаи кӯчманчие танҳо занон боқӣ мемонанд. Ин филм ҷоизаи аслии Ҷашнвораи байналмиллалии «Киношок» дар шаҳри Анапаи Русия ва ҷоизаи мунақиддони филм дар Аврупо ва Баҳри Миёназамин дар ҷашнвора дар Карлови Вариро гирифтааст.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854