Си-Эн-Эн: Чанд мушаки Русия на ба Сурия, балки ба Эрон бархурдаанд
12.10.2015 22:19
861
Чанд мушаки болдор, ки аз киштиҳои Русия дар ҳавзаи Каспий ба тарафи Сурия андохта шудаанд, дар қаламрави Эрон афтодаанд. Дар ин бора шабакаи телевизонии Си-Эн-Эн ба нақл аз намояндаи ҳукумати Амрико хабар додааст. Ин мақом гуфтааст, ки эҳтимол ин ҳодиса қурбониён низ дошта бошад.
Назарбоев ва Порошенко иҷрои созишҳои Минскро баҳс мекунанд
12.10.2015 22:18
887
Дар дидори раиси ҷумҳурии Украина Петр Порошенко бо нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов мавзуи густариши боркашонӣ аз Осиё ба Аврупо ба воситаи қаламравҳои Қазоқистон ва Украина дар чаҳорчӯбаи тарҳи «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» аз Чин то Аврупои Ғарбӣ баррасӣ шуданд.
Сафари корӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия
06.10.2015 20:30
1034
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари корӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия сафар кард.
Машварати корӣ
06.10.2015 20:30
990
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва идораву муассисаҳои назди Ҳукумат ва ҳамчунин дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.
Боздошти дубораи "генерал-майор"
03.10.2015 21:47
949
Оҷонсии зидди фасод шахсеро, ки худро "генерал-майор" муаррифӣ намуда ва аз тариқи қаллобӣ пулҳои мардумро аз худ менамуд, боздошт кардааст. Ин фард барои бори дувум бо ин иттиҳом боздошт мешавад.
ВКД: Идомаи узвият дар ҲНИТ ҷавобгарӣ дорад
03.10.2015 21:46
831
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3 октябр бо нашри як шарҳ дар сомонаи расмиаш аз ҳамаи аъзои ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки фаъолияташ бо қарори Додгоҳи олӣ аз 29 сентябр манъ шудааст, даъват кард, то ҳуҷҷатҳои узвияти худро ба мақомот бисупоранд.
Эълони ҳукми омилони марги Фирдавс Раҳматов
02.10.2015 21:58
904
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд cе низомиро дар лату кӯбу марги сарбоз Фирдавс Раҳматов гунаҳкор донист ва ҳар яке аз онҳоро мутаносибан аз 17 то 18 сол ба зиндон маҳкум кард.
Боздошти 3 тан барои пинҳон кардани аслиҳаи узви гурӯҳи Назарзода
02.10.2015 21:56
935
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо бо ҷурми пинҳон кардани силоҳҳои як узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт кардаанд.
Сипоси Э.Раҳмон аз пуштибонии СММ дар масоили об
28.09.2015 21:58
1141
Эмомалӣ Раҳмон аз СММ барои пуштибонӣ аз ташаббусу пешниҳодҳои Тоҷикистон дар масоили об ва мусоидати онҳо дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ташаккур кардааст.
Даргузашти ду ҳоҷии тоҷик дар рӯзҳои охирини Ҳаҷ
28.09.2015 21:56
1043
Кумитаи дин ва риояи маросимҳои ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, имсол дар ҷараёни адои маросими Ҳаҷ ду зоир аз Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ вафот кардаанд. Бино ба гузориши ин ниҳод, ки масъулияти таҳияи сафари зоирони тоҷик ба Маккаву Мадинаро бар ӯҳда дорад, ин ду зоир дар рӯзҳои охири маросими Ҳаҷ аз олам ....
Ҳалокати пиёдагард ва велосипедрон бар асари садама
28.09.2015 21:54
1067
Ронандаи мошини тамғаи Опел-Астра, сокини 29-солаи ноҳияи Ҳисор рӯзи 27 сентябр ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Шарора ба самти маркази ноҳияи Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Ниёгони ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста ...
Сокини ноҳияи Фархор бо ҳашиш дастгир шуд
28.09.2015 21:53
1071
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 25 сентябри соли равон сокини 35-солаи ноҳияи Фархор бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид.
Кӯкнор-2015 зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳоли бангро нобуд кард
28.09.2015 21:52
1025
Дар доираи амалиёти Кӯкнор-2015 дар вилояти Суғд зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳоли банги худрӯй нобуд карда шуд.
Иди саиди Қурбон, муборак бод!
23.09.2015 21:07
1065
Фарорасии иди саиди Қурбонро ба ҳама ҳаватанони гиромӣ, муъмину мусалмонхои руйи олам табрик мегӯем. Дуъо мекунем, ки Худованди азимушшаън барои бандаҳояш пеш аз ҳама рӯзгори амну осоиштаро арзонӣ бидорад.
Кушта шудани Абдуҳалим Назарзода расман тасдиқ шуд
17.09.2015 10:07
1173
Мақомоти Тоҷикистон шоми 16 сентябр расман хабари кушта шудани генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалимро тасдиқ карданд.Бино ба гузориши вижаи маркази муштараки матбуоти вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ...