02:58:59 06-уми Июни 2025 сол

Барои маълумот дар бораи ҳамлагар ба хабарнигор дар Алмаато ҷоиза дода мешавад

Соҳибкори қазоқ Ерлан Нурпеисов барои маълумот дар бораи нафаре, ки журналист ва блогнавис Ботогоз Жумановаро дар Алмаато латукӯб кард, ҷоиза эълон кард.

b.zhumanova-4599564Вай дар сафҳаи худ дар шабакаи Facebook навишт, ки барои чунин иттилоъ 100 000 тенге медиҳад ва аз тоҷирони дигар даъват кард, ки «барои иттилоъ ба хабардиҳанда ҷоизаро бештар кунанд».

Хабарнигор ва блогнависи Алмаато Ботагоз Жуманова баъд аз ҳамлаи шоми 8 октябр осеб дида, дар бемористон бистарӣ шудааст. Пулис навори видеоии латукӯби ин хабарнигорро таҳқиқ мекунад. Ин парванда на ҳамчун ғоратгарӣ унвон шудааст.

Ботагоз Жуманова хабарнигори саршиноси Алмаатост, ки бештар дар масоили молиявӣ матлаб менависад. Аз ӯҳамчунин ба унвони коршиноси арсаи бонкӣ ном бурда мешавад.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854