03:28:07 06-уми Июни 2025 сол

Дар Москва аз «амали нави террористӣ ҷилавгирӣ шудааст»

Даҳ шаҳрванди Осиёи Марказӣ дар Москва ба гумони омода кардани амали террористӣ боздошт шуданд. Дар ин бора «Интерфакс» ба нақл аз ниҳодҳои интизомӣ хабар додааст. Аз боздоштудагон таҷҳизоти тарканда бо иқтидори қариб панҷ килограмм тротил мусодира шудааст.

zaderzhan-5465969.jpg«Интерфакс» ба нақл аз манбаи худ зикр мекунад, ки аз рӯйи таркибаш ин бомба ба бомбҳое монанд аст, ки ахиран дар Анқара зимни ду амали террористӣ аз онҳо истифода шудааст, ки қариб сад нафар кушта ва чанд сад нафари дигар захмӣ бар ҷой гузошт.

Тибқи иттилоъи ниҳодҳои амниятии Русия дар муқоиса бо таркишҳои Туркия, ки дар онҳо «террористони маргхоҳ» истифода шуданд, дар Москва тасмим шуда буд, ки ба унвони омили тарканда телефонии мобилиро истифода кунанд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки ниҳодҳои амниятии Русия дар яке аз биноҳои истиқоматӣ дар тангкӯчаи Стрелбишенски ҳавзаи Марказии маъмурии Москва гурӯҳи одамонеро боздошт карданд, ки мехостанд як бинои истиқоматиро тарконанд.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854