21:42:59 22-уми Августи 2025 сол

Куштор дар ҳолати мастӣ

Санаи 24.10.с.2015, соати 08:00-дақиқа аз дохили бинои чойхонаи деҳаи Панҷруди шаҳри Панҷакент, ҷасади марди 53-солаи сокини ҳамин шаҳр, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

kord-55466.jpgЗимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҳамчун гумонбар дар ҷиноятӣ куштор дастгир гардид. Муайян карда шуд, ки номбурда ҷиноятро дар ҳолати мастӣ ва муноқишаи ба миён омада, содир намудааст. Далели шайъӣ 1-адад корди ошхонагӣ гирифта шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

http://vkd.tj/

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ