22:22:07 30-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
31          

Радди таҷаммӯи ҷангиёни ДИИШ дар марзҳои Тоҷикистон

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабарҳоро дар мавриди таҷаммӯи ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар тӯли марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рад кард.

marz-5478451245.jpgМасъулони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи таҷаммӯи ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДИИШ дар тӯли марзҳои кишвар бо Афғонистон рад карданд. Муҳаммад Улуғхоҷаев -- масъули дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ 4 ноябр ба мо гуфт, дар он сӯи марзҳои Тоҷикистон, дар шимоли Афғонистон, амалиёти нерӯҳои давлатӣ бо гурӯҳи Толибон ҷараён дорад, "вале таҷаммӯи ҷангиёни ДИИШ дар қитъаҳои марзии Тоҷикистон воқеият надорад".

Ӯ афзуд, вазъият дар марзи Тоҷикистон ором буда ва таҷаммӯи кадом нерӯҳо ба мушоҳида нарасидааст. Мусоҳиби мо аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамаҷониба аз ҷониби сарҳадбонҳои тоҷик мавриди ҳифозату назорат қарор дорад.

Ин дар ҳолест, Маскав аз таҷаммӯи ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ, бахусус гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" дар марзҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ибрози нигаронӣ кардааст.

Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия, рӯзи 4 ноябр дар ҳамоиши вазирони дифои кишварҳои узви созмони Иттиҳоди низомию иқтисодии кишварҳои Ҷанубу Шарқи Осиё (АСЕАН) дар шаҳри Куала-Лампури Малайзия дар ин бора ибрози назар кардааст.

Хабаргузории РИА Новости аз қавли Антонов навишт, "дар Афғонистон нуфузи гурӯҳи “Давлати исломӣ” рӯ ба афзоиш буда, ҳоло аз 34 вилояти ин кишвар дар 25 вилоят ин гурӯҳ фаъол аст. Таҷаммӯи ҷангиёни ин гурӯҳ дар марзҳои Тоҷикистон ва Туркманистон моро ҷиддан ба ташвиш овардааст".

Ба гуфтаи Анатолий Антонов, феълан ба саффи гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки фаъолияташ дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ эълон шудааст, ҳудуди 30 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла, шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон шомил ҳастанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз 500 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафта, то кунун хабари марги беш аз 150 тани онҳо расидааст. Мақомот ваъда додаанд, афроде, ки бо хоҳиши худ аз майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ ва ё аз марзҳои Туркия бо Сурия ба ватан бармегарданд ва агар собиқаи ҷиноӣ надошта бошанд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд. То кунун ҳудуди чиҳил тан аз чунин афрод мавриди афви мақомот қарор гирифтаанд.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки дар соли гузашта қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯрондан ва сӯзондан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi