10:37:01 24-уми Майи 2025 сол

ТАҶЛИЛ АЗ ҲАФТОДУМИН СОЛГАРДИ ТАВАЛЛУДИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

Бистуми май мусодиф бо рӯзи таваллуди Лоиқ Шералӣ, шоъири фақид, дар Тоҷикистон аст. Рӯзи ҷумъа фарҳангиён ва наздикони ин шоъири маҳбуб дар шаҳри Душанбе ҳафтодумин солгарди таваллуди ӯро ҷашн гирифтанд.

 laeq3042122.jpg

Ба манзури бузургдошти Лоиқ Шералӣ мақбараи вай, воқеъ дар гӯристони Лучоб, дар шимоли шаҳри Душанбе, бозсозӣ шуд. Барои ифтитоҳи санги нави мақбараи ӯ як маҳфили фарҳангиён, пайвандон ва дӯстдорони шеъри ӯ баргузор шуд. Дар рӯйи санги ҷадиди Лоиқ ин байтҳо навишта шудаанд:

Ман баъди ҳама завол меоям боз,

Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.

Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,

Аз баъди ҳазор сол меоям боз.

Қаблан дар санги мазори Лоиқ Шералӣ байти дигаре, ки худи ӯ барои санги мазораш навиштааст, сабт шуда буд:

Дар рӯи замин намонд маъман,

Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.

Дар ин маҳфил аз ҷумла Афзалшоҳи Шодӣ ва Хосият Ортиқова, овозхонҳои машҳури Тоҷикистон, ки бар ашъори устод Лоиқ оҳангҳои зиёде сурудаанд, ширкат карданд. Онҳо пораҳое аз бархе оҳангҳои худро дар ин маҳфил бадоҳатан иҷро карданд. Теъдоде аз мактабхонҳо ва донишҷӯён низ дар инҷо ашъори Лоиқ Шералиро қироъат карданд.

Ортиқи Қодир, ҳунарманди шинохташудаи тоҷик, ки дар ин маҳфил буд, гуфт, ки донишҷӯён ва мактабхонҳои зиёди тоҷик алоқаманди “Лоиқхонӣ” буда ва ба ин далел ҷавонон гурӯҳ-гурӯҳ аз соъати даҳ то дуи баъд аз зӯҳр ба оромгоҳи устод расида ва маҳфили шеърхониро идома медиҳанд.

Вай гуфт, ки ин маҳфил расмӣ нест ва ҳама ба инҷо “бо фарёди дил” омадаанд. Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон низ соъати дуи пас аз зӯҳр дар сохтмони теотри Лоҳутии шаҳри Душанбе маҳфили ёдбуди Лоиқро баргузор мекунад. Ғайр аз ин, ба муносибати таҷлил аз солгарди Лоиқ Шералӣ аз аввали ҳафтаи ҷорӣ дар мактабҳои ҳамагонии шаҳру навоҳии мухталифи кишвар маҳофили шеърхонӣ баргузор шудааст.

Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Вай соли 1978 барои маҷмӯъаи “Хоки ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ шуд ва соли 1999 ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар”-ро гирифт.

Қабл аз ин, Лоиқ Шеръалӣ унвони давлатии “Шоъири халқии Тоҷикистон”-ро ба даст оварда буд. Ӯ аз соли 1991 то охири умр раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ буд. Лоиқ Шералӣ 30 июни соли 2000, бар асари сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Пас аз даргузашти вай Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ҷоизаи давлатии Лоиқро таъсис дод, ки ба шоъирони ҷавон эъто дода мешавад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ