18:38:57 01-уми Июли 2025 сол

КУШТА ШУДАНИ КӮДАКЕ ЯКСОЛА БА ДАСТИ ПАДАРАШ

Вазорати кишвар ё умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани як кӯдаки зери яксола дар шаҳри Душанбе хабар дод. Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии ин вазорат, ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбеи 18 май рух додааст.

Раҷаббек Илёсов, як масъули дафтари матбуъотии вазорати кишвар, ба Би-би-сӣ гуфт: “Кормандони вазорат дақиқ карданд, ки шаҳрванд Иван Евзгютини 35-сола дар манзилаш, ки дар хиёбони Дзержинскийи шаҳри Душанбе воқеъ аст, Дмитрий Евзгютин, соли таваллуди 2011-ро, ки фарзанди худаш будааст, лату кӯб кардааст. Дар натиҷа, аз ҷароҳоти бардошта кӯдак ҷони худро аз даст додааст.”

Оқои Илёсов мегӯяд, ки пулиси Тоҷикистон дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба гуфтаи вай, натиҷаи таҳқиқоти муқаддамотии пулис ҳокӣ аз он аст, ки Иван Евзгютин дар ҳолати мастӣ қарор дошта ва ҳоло оқои Евзгютин дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаббек Илёсов ҳамчунин аз захмӣ шудани як ҷавони ноболиғ дар натиҷаи ҳамлаи афроди номаълум, ки рӯзи 18 май дар Душанбе рух додааст, хабар дод. Оқои Илёсов мегӯяд, ки дар робита бо ин ҳодиса низ парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва дар бораи ин ҳодиса модарбузурги шахси ҷабрдида ба пулис иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи вай, Қувват Қаюмови 15-сола дар маҳаллаи 46 шаҳри Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифта ва аз ноҳияи сараш ҷароҳоти сангин бардошта ва таҳти муроқибати пизишкон қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ин масъули дафтари матбуъотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳоло маъмурони пулис машғули ҷустуҷӯйи афроди мазнун дар иртикоби ин ҷароим ҳастанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ