08:43:21 01-уми Июли 2025 сол

АЛ-ҚОИДА РАҲБАРИ НАВ ПАЙДО КАРД

Тибқи гузориши хабаргузориҳо, Сайф Одил раҳбари муваққатии шабакаи Ал-Қоида интихоб шудааст. Сайф Одили 48-сола мисритабор буда дар рӯйхати афроди матлуби хадамоти истихборотии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад.

saif-odil4555.jpgҲадс зада мешавад, ки ӯ узви ҳаракати «Ҷиҳоди исломии Миср» мебошад, ки раҳбарии онро фарди дуввуми Ал-Қоида дар замони раҳбарии Усома бин Лодин, Айман Завоҳирӣ ба ӯҳда дорад. Инчунин ин тахмин вуҷуд дорад, ки ӯ раҳбарии Ҷабҳаи исломии Либияро низ ба ӯҳда доштааст. Мақомоти Амрико Сайф Одилро дар бамгузориҳои хунини сафоратхонаҳои ин кишвар дар Кения ва Танзания дар соли 1998 гумонбар медонанд, ки мунҷар ба кушта шудани даҳҳо нафар шуда буд.

Гуфта мешавад, ки Сайф Одил тамрингоҳҳои Ал-Қоидаро дар Афғонистон ва Судон таъсис дода ба дунболи амалиёти низомии НАТО дар Афғонистон, ба хоки Эрон паноҳ бурд ва тавассути мақомоти ин кишвар дар ҳабси хонагӣ нигоҳ дошта мешуд. Ҳамзамон як сол қабл вай озод шудааст ва ҳоло макони дақиқи будубоши ӯ маълум намебошад.

Баргузидани Сайф Одил ба ҳайси раҳбари муваққатии  шабакаи Ал-Қоида, ба дунболи кушта шудани Усома бин Лодин дар ҳудуди ду ҳафта пеш аз сӯи нерӯҳои вижаи артиши Амрико дар Аббатободи Покистон сурат мегирад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ