МУИН, ОВОЗХОНИ МАЪРУФИ ЭРОНӢ, ВОРИДИ ДУШАНБЕ ШУД
Муин, овозхони саршиноси эронии муқими Лус-Онҷелеси Амрико, рӯзи панҷшанбеи 19 май ба манзури иҷрои як барномаи кунсертӣ вориди Тоҷикистон шуд. Қарор аст барномаи кунсертии ӯ шаби 22 май дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе доир шавад.
Ба гуфтаи Марҳабо Азизова, мутасаддии барномаи кунсертии Муин, дар ин сафар ин овозхони маъруфро чаҳор тан аз навозандагони гурӯҳаш ҳамроҳӣ мекунанд. Интизор меравад бархе аз пайвандон ва ҳаводорони Муин аз Эрон ҳам дар рӯзҳои оянда ба манзури дидор бо ӯ ва ширкат дар барномаи кунсертӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шаванд.
Сарпарастии барномаи кунсертии Муин дар Тоҷикистонро ширкати мухобиротии "Тисел" бар ӯҳда дорад. Ин дувумин сафари ҳунарии Муин ба Тоҷикистон аст. Нахустин барномаи кунсертии ӯ дар Тоҷикистон рӯзҳои 21 ва 22 июни соли 2009 дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
Насруллоҳи Муин, ки бештар бо номи Муин маъруф аст, овозхониро аз авосити даҳаи 1980 оғоз кардааст. То кунун олбумҳои мухталифи вай, аз ҷумла "Ҳавас" (1985), "Орзӯ" (1987), "Бибигул" (1988), "Гулҳои ғурбат" (1990), "Субҳат ба хайр, азизам" (1992), "Мусофир" (1995), "Панҷара" (1997), "Парвоз" (200), "Тулӯъ" (2007), "Ҳамдам" (2011) ва ғайра ба бозор арза шудаанд.
Вай ба хотири таронаҳои ғамангезу дилнавозаш дар Тоҷикистон тарафдорони зиёде дорад. Бархе аз овозхонҳои ҷавони тоҷик, ки дар солҳои ахир рӯйи саҳна омадаанд, аз сабки овозхонии вай пайравӣ мекунанд.
Би-Би-Си