14:35:46 24-уми Августи 2025 сол
ДАР ШАҲРИ ТАРАЗИ ҚАЗОҚИСТОН ТАРКИШ РӮХ ДОД 12.11.2011 19:21 1162
Дар канори бинои ҳукумати шаҳри Тараз, воқеъ дар ҷануби Қазоқистон, таркиш ба вуқӯъ пайваст.
ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁНИ ЗАМИНЛАРЗА БА 26 НАФАР РАСИД 12.11.2011 19:20 1244
Теъдоди қурбониёни заминларзаи се рӯзи пеш дар шарқи Туркия ба 26 нафар расид. Имрӯз наҷотбахшон аз зери харобаҳои як меҳмонсарои тахрибшудаи шаҳри Ван тани беҷони хабарнигори оҷонси “Доган”-ро берун карданд. Аз ин пеш ҷасади як ҳамкори дигари ӯ ошкор шуда буд. Ҳарду хабарнигор дар феҳристи афроди ғайбзада шомил буданд.
ҲАФТ НАФАР ДАР АСАРИ ИНФИҶОР ВА ТИРАНДОЗӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН КУШТА ШУД 12.11.2011 19:19 1253
Додситонии Қазоқистон хабар дод, ки ҳафт нафар, аз ҷумла панҷ корманди пулис дар асари инфиҷор ва тирандозӣ дар шаҳри Тарози ин кишвар ҷони худро аз даст доданд. Қаблан Вазорати кишвари Қазоқистон аз кушта шудани танҳо панҷ нафар гузориш дода буд.
НАХУСТИН САФАРИ ХАБАРНИГОРОН БА ФУКУШИМО 12.11.2011 19:18 1311
Бори аввал баъд аз заминларза ва сунамии  мудҳиши рӯзи 11 март дар Ҷопон хабарнигорон аз нерӯгоҳи ҳастаии Фукушимо дидан карданд.
МУДОФЕЪОНИ ҲУҚУҚИ БАШАР ЗИДДИ ИХРОҶИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИИ ТОҶИК АЗ РУСИЯНД 12.11.2011 11:43 1546
Сарвари гурӯҳи москвагии Хелсинки Людмила Алексеева дар як мусоҳибаи худ ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки депортатсияи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар ҷомеъаи Русия эҳсоси бегона - тарсиро, ки бе ин ҳам хеле шиддат ...
КАРОМАТ ШАРИФОВ: «БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ ТАБОДУЛИ МАҲБУСОН СУРАТ БИГИРАД» 12.11.2011 11:41 1496
Дирӯз сарвари Ҷумбиши умумироссиягии «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон» Каромат Шарифов пешниҳод намуд, ки халабонҳои маҳкумшудаи русиро бо шаҳрвандони тоҷик ки дар зиндонҳои Русия маҳбусанд, мушобеҳ ба табодуле, ки байни Исроил ва Фаластин сурат ...
ДАВЛАТИ СУРИЯ БА "ҶИНОЯТ АЛАЙҲИ БАШАРИЯТ" МУТТАҲАМ ШУД 12.11.2011 10:57 821
Дидабони Ҳуқуқи Башар, аз созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар гуфтааст, ки аз ҳафт моҳ пеш то кунун нерӯҳои давлатии Сурия дастикам ҳафтсад тан аз мӯътаризонро дар шаҳри Ҳумс ба қатл расонда ва садҳо нафари дигарро боздошт ва шиканҷа кардаанд ва иқдомоти онон мисдоқи ҷиноят алайҳи башарият ва мусталзими пайгарди байналмилалӣ ....
ДУ ЗАНИ АФҒОН "БА ДАСТИ НАФАРОТИ ТОЛИБОН САНГСОР ШУДАНД" 12.11.2011 10:56 790
Гузоришҳои расида аз Афғонистон ҳокӣ аз он аст, ки афроди мусаллаҳ, ки мақомоти маҳаллии ононро шӯришиёни вобаста ба Толибон донистаанд, як зани бева ва духтарашро дар Ғазнӣ аз хонашон берун кашиданд ва ба иттиҳоми зино, сангсор карданд бе он ки ҳамсоягон барои ҷилавгирӣ аз ин қатл иқдоме карда бошанд.
ОТАШИ ШАМЪ ҶОНИ ПИРАМАРДРО РАБУРД 09.11.2011 21:38 1259
Тавре, ки аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, пирамарди 81-сола Сафарбой Бобоазизов, сокини ноҳияи Исфараи вилояти Суғд  соати 4-и субҳ дар хона ҳангоми истифода бурдани шамъ либосашро аз беэҳтиётӣ месӯзад.
МУСОДИРАИ 9 КГ 150 ГРАММ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ БАНГДОНА 09.11.2011 21:37 1264
Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тибқи маълумоти пешакӣ 9 килограмму 150 грамм маводи нашъаовари бангдонаро мусодира намуданд.
КУШТА ШУДАНИ ДУ СОКИНИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ТАРМА 08.11.2011 20:36 996
Кумитаи умури имзтирории Тоҷикистон аз кушта шудани ду нафар бар асари фаромадани тарма дар шимоли ин кишвар хабар дод. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии ин кумита ҳодисаи фаромадани тарма дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд рух додааст.
ПИЗИШКИ МОЙКЛ ҶЕКСУН ДАР МАРГИ ВАЙ МУҚАССИР ШИНОХТА ШУД 08.11.2011 15:42 953
Конрод Муррей, пизишки шахсии Мойкл Ҷексун дар робита бо иттиҳоми қатли ғайриамдии (қатле, ки барқасд набудааст) ин ситораи мусиқии поп муҷрим шинохта шудааст.
ЗИЛЗИЛАЕ ХОКИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОНРО ТАКОН ДОД 07.11.2011 20:55 1203
Имрӯз дар марзи Тоҷикистону Афғонистон зилзилае ба шиддати 5,6 дараҷаи Риҳтер рух дод. Итар-Тасс мегӯяд, ба иттилои хадамоти геофизикии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, маркази зилзила дар 275 километрии ҷанубу шарқи Душанбе  дар хоки Афғонистон сабт шудааст. Ҳеҷ хабаре дар бораи хисороти баъдизилзила дар даст нест.
ВАЗИРИ ХОРИҶАИ РУСИЯ АЛАЙҲИ ҲАМЛА БОЛОИ ЭРОН ҲУШДОР ДОД 07.11.2011 20:54 1181
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз ҳушдор дод, ки   ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона алайҳи Эрон “иштибоҳи хеле ҷиддӣ” хоҳад буд. Вай гуфт: “Ин як иштибоҳи хеле ҷиддӣ хоҳад буд, ки паёмадҳои ғайри қобили тасаввур хоҳад дошт. Барномаи ҳастаии Эрон мисли ҳар масъалаи дигари замони имрӯз ҳилли низомӣ надорад”.
ДАР САДАМАЕ ДАР МИСР 11 МАҶОРИСТОНӢ ҶОН ДОДАНД 07.11.2011 20:53 1249
Мақомоти Миср мегӯянд, бар асари садамаи як автобуси мусофирбар, 11 саёҳи маҷористонӣ кушта ва 27 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.