00:38:56 15-уми Июли 2025 сол

МУСОДИРАИ 9 КГ 150 ГРАММ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ БАНГДОНА

Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тибқи маълумоти пешакӣ 9 килограмму 150 грамм маводи нашъаовари бангдонаро мусодира намуданд.

Тавре, ки аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мо хабар доданд, ҳангоми гузаронидани амалиёт шаҳрванди 37-сола Тошмат Мадисоев, сокини деҳаи Файзободи шаҳри Кӯлоб  дастгир ва ҳангоми кофтуков аз хонаи ӯ ба миқдори 9 килограмму 150 грамм бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ