22:27:34 01-уми Августи 2025 сол

НАХУСТИН САФАРИ ХАБАРНИГОРОН БА ФУКУШИМО

Бори аввал баъд аз заминларза ва сунамии  мудҳиши рӯзи 11 март дар Ҷопон хабарнигорон аз нерӯгоҳи ҳастаии Фукушимо дидан карданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳадаф аз ин сафар – ором кардани ҷомеъа ва намоиши он аст, ки мақомот барои ислоҳи вазъ аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегиранд. Беш аз 30 хабарнигор, аз ҷумла, се хабарнигори хориҷӣ либосҳои махсус ба тан карда, аз канори реакторҳои харобшудаи нерӯгоҳ гузаштанд.

Дар сӯҳбат бо онҳо масъулини нерӯгоҳ гуфтанд, ки то охири сол сардсозии реакторҳо, ки боиси ихроҷи радиатсия шуда буд, хатм мешавад. Садама дар Фукушимо бузургтарин баъд аз садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил маҳсуб мешавад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ