15:18:38 03-уми Июни 2025 сол

ҲАФТ НАФАР ДАР АСАРИ ИНФИҶОР ВА ТИРАНДОЗӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН КУШТА ШУД

Додситонии Қазоқистон хабар дод, ки ҳафт нафар, аз ҷумла панҷ корманди пулис дар асари инфиҷор ва тирандозӣ дар шаҳри Тарози ин кишвар ҷони худро аз даст доданд. Қаблан Вазорати кишвари Қазоқистон аз кушта шудани танҳо панҷ нафар гузориш дода буд.

Нурмуҳанбет Исоев, муъовини Додситони кулли Қазоқистон гуфтааст: "Имрӯз дар шаҳри Тароз, аз сӯйи Кариев, шаҳрванди мутаваллиди соли 1977-и Қазоқистон ва тарафдори ҷиҳодизм як силсила ҷароими сангин содир шуд, ки ба кушта шудани ҳафт нафар, аз ҷумла панҷ пулис мунҷир шудааст."

Бино ба иттилоъи ниҳодҳои интизомии Қазоқистон як фарди ношинос ба як дӯкони муҳимоти шаҳри Тароз ҳамла кард, ки дар асари ин ҳамла як нафар кушта ва як нафар захмӣ шудаанд. Ҳамлагар ду туфангро аз ин дукон ба сирқат бурда ва хостааст бо утумубил фарор кунад.

Дар ҷараёни таъқиби ин фард боз чанд корманди пулис кушта шуд ва гуфта мешавад сипас ин фард инфиҷори интиҳорӣ анҷом додааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854