16:01:38 03-уми Июни 2025 сол

МУДОФЕЪОНИ ҲУҚУҚИ БАШАР ЗИДДИ ИХРОҶИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИИ ТОҶИК АЗ РУСИЯНД

Сарвари гурӯҳи москвагии Хелсинки Людмила Алексеева дар як мусоҳибаи худ ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки депортатсияи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар ҷомеъаи Русия эҳсоси бегонатарсиро, ки бе ин ҳам хеле шиддат гирифааст, дучанд зиёд хоҳад кард.

/images/stories/2011/11/12_migrant-tajik-rus.jpgЛев Пономарёв, лидери ҳаракати «Барои ҳуқуқи инсон», ки яке аз собиқадорони ҷамъияти мудофеъони ҳуқуқ ба шумор меравад низ ҳамин нуқтаи назарро ҷонибдорӣ намуда меафзояд, ки депортатсияи муҳоҷирони тоҷик, дар ҷомеъаи Русия дар баробари афзудани эҳсосоти тарсу ваҳм аз бегонаҳо инчунин хашму ғазаби онҳоро алайҳи муҳоҷироне, ки бо меҳнати бунёдкорона машғуланд, бештар хоҳад кард.

«Дили ман пеш аз ҳама барои он муҳоҷироне месӯзад, ки дар ин ҷо барои москвагиҳо меҳнати фоидаовареро анҷом медоданд. Бале, халабонҳоро озод бояд кард, вале на ба ивази депортататсия кардани муҳоҷирони меҳнатӣ. Агар давлати Тоҷикистонро ба гунае, масалан, ҳабс кардани ҳисобҳои бонкии он, ҷазо медоданд, ман инро дарк карда метавонистам. Вале вақте, ки аз ин қазия муҳоҷирони оддӣ ранҷ мекашанд, ин хеле бад аст. Аён аст, ки маъракаи мазкур ангезаҳои сиёсӣ дорад»- иброз дошт Лев Пономарёв.

«Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
+2 #1 Guest 12.11.2011 21:33
Россия в очередной раз доказала что она ни когда не была Таджикистану другом и не будет ни когда! еще доказала свое долгое лицемерие. Раньше об этом знала меньшинство Таджиков, зато теперь об этом знает все Таджики. Россия поступила, подла с Таджикистаном «не по-мужски». Но мы НЕ боимся массовой депортации, мы боимся только великому «ОЛЛОХУ». Нас покормит наша земля: Мы с тобой ЭМОМАЛИ держись!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854