14:40:05 03-уми Июни 2025 сол

ДУ ЗАНИ АФҒОН "БА ДАСТИ НАФАРОТИ ТОЛИБОН САНГСОР ШУДАНД"

Гузоришҳои расида аз Афғонистон ҳокӣ аз он аст, ки афроди мусаллаҳ, ки мақомоти маҳаллии ононро шӯришиёни вобаста ба Толибон донистаанд, як зани бева ва духтарашро дар Ғазнӣ аз хонашон берун кашиданд ва ба иттиҳоми зино, сангсор карданд бе он ки ҳамсоягон барои ҷилавгирӣ аз ин қатл иқдоме карда бошанд.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки ду нафарро дар иртибот бо куштани модар ва духтар боздошт кардаанд ва бархе манобеъ низ гуфтаанд, ки ин ду зан авоили субҳ ба зарби гулӯлаи афроди Толибон ба қатл расиданд ва сангсор дар кор набудааст.

Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, Толибон нуфузи густардае дар шаҳри Ғазнӣ доранд ва аз чанд истгоҳи радиоӣ ба пахши барномаҳои худ мепардозанд дар ҳоле, ки давлати Афғонистон мекӯшад бар ин шаҳр мусаллат шаванд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854