ПИЗИШКИ МОЙКЛ ҶЕКСУН ДАР МАРГИ ВАЙ МУҚАССИР ШИНОХТА ШУД
Конрод Муррей, пизишки шахсии Мойкл Ҷексун дар робита бо иттиҳоми қатли ғайриамдии (қатле, ки барқасд набудааст) ин ситораи мусиқии поп муҷрим шинохта шудааст.
Ҳайъати мунсифаи як додгоҳ дар Колифурниё пас аз ду рӯзи машварат дар пушти дарҳои баста дуктур Муррейро дар робита бо марг Мойкл Ҷексун муҷрим шинохт. Мойкл Ҷексун дар бисту панҷуми июни соли 2009 ба иллати масрафи беш аз андозаи навъе аз доруҳои беҳушӣ даргузашт.
Ҳукми додгоҳ қарор аст 29-уми ноябр содир шавад. Дуктур Муррей метавонад ба ҳадди аксари муҷозоти 4 соли ҳабс ва лағви иҷозаи табобат маҳкум шавад.
Дар пайи эъломи назари ҳайъати мунсифа, ки аз ҳафт мард ва панҷ зан иборат буд, аъзои хонаводаи Мойкл Ҷексун, ки дар додгоҳ ҳозир буд, шурӯъ ба гиря кард.
Оқои Муррей, ки дар додгоҳ нишаста буд, дар тӯли қироъати назари ҳайъати мунсифа ором дар ҷои худ нишаста буд.
Би-Би-Си