07:58:10 09-уми Июли 2025 сол
ТОҶИКИСТОН БАРОИ ҲАЛЛИ ҚАЗИЯИ ҲУКМИ ХАЛАБОНҲО ОМОДА АСТ 13.11.2011 18:43 1027
Тоҷикистон барои “ҳалли созанда”-и қазияи ҳукми халабонҳои рус розӣ аст ва хостори он шудааст, ки Русия аз азияти муҳоҷирони корӣ даст бардорад.
СИЛВИО БЕРЛУСКОНӢ АЗ МАҚОМАШ ИСТЕЪФО ДОД... 13.11.2011 18:40 1042
Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Итолиё, шомгоҳи шанбе саранҷом аз мақоми худ канорагирӣ кард. Кохи раёсати ҷумҳури Итолиё таъйид кард, ки Силвио Берлусконӣ истеъфо додааст. Бо эъломи истеъфои Берлусконӣ мухолифони вай дар Рум ба ҷашну пойкӯбӣ пардохтанд.
ОБАМА ВА МЕДВЕДЕВ БАРНОМАИ ҲАСТАИИ ЭРОНРО БАРРАСӢ КАРДАНД 13.11.2011 18:39 1050
Руасои ҷумҳуриҳои ИМА ва Русия Барак Обама ва Дмитрий Медвдедв дар долонҳои нишасти АТЭС – Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиёву уқёнуси Ором дар шаҳри Ҳонолулу, маркази аёлати Ҳавайя, музокирот анюом доданд.
27 КУШТА БАР АСАРИ ТАРКИШ ДАР ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ ЭРОН 12.11.2011 23:44 1206
Инфиҷор дар пойгоҳи сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ҳаёти камаш 27 касро аз байн бурд Телевизиони давлатии Эрон аз нақли сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон -Рамазон Шариф овардааст, ки шумораи қурбониҳои инфиҷор дар пойгоҳи низомӣ ба 27 нафар расидааст.
МИЛЛАТГАРОҲОИ РУС ДАР НАЗДИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ҶАМЪ МЕОЯНД 12.11.2011 19:22 1362
Имрӯз афроди алоҳида дар канори бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо талаби раҳоии халабони рус Владимир Садовничий пикетҳо ташкил карданд. Дар ин бора Сулаймон Рашидов, мушовири сафорати Тоҷикистон хабар дод ва афзуд ...
МУАЛЛИФИ РОМАНИ «МАСЪУДИ СИПАҲСОЛОР» 70 СОЛА ШУД 12.11.2011 19:22 1060
Дар Кӯлоб аз 70 солагии адиб ва журналисти собиқадор Сайид Раoмон ва чилсолагии фаъолияти эҷодии ӯ ҷашн гирифтанд. Чорабинӣ дар толори теотри ба номи Сайдали Вализодаи Кӯлоб доир гашта дар он адибону рӯзноманигорон аз тамоми кишвар ширкат карданд.
ДАР ШАҲРИ ТАРАЗИ ҚАЗОҚИСТОН ТАРКИШ РӮХ ДОД 12.11.2011 19:21 1144
Дар канори бинои ҳукумати шаҳри Тараз, воқеъ дар ҷануби Қазоқистон, таркиш ба вуқӯъ пайваст.
ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁНИ ЗАМИНЛАРЗА БА 26 НАФАР РАСИД 12.11.2011 19:20 1226
Теъдоди қурбониёни заминларзаи се рӯзи пеш дар шарқи Туркия ба 26 нафар расид. Имрӯз наҷотбахшон аз зери харобаҳои як меҳмонсарои тахрибшудаи шаҳри Ван тани беҷони хабарнигори оҷонси “Доган”-ро берун карданд. Аз ин пеш ҷасади як ҳамкори дигари ӯ ошкор шуда буд. Ҳарду хабарнигор дар феҳристи афроди ғайбзада шомил буданд.
ҲАФТ НАФАР ДАР АСАРИ ИНФИҶОР ВА ТИРАНДОЗӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН КУШТА ШУД 12.11.2011 19:19 1243
Додситонии Қазоқистон хабар дод, ки ҳафт нафар, аз ҷумла панҷ корманди пулис дар асари инфиҷор ва тирандозӣ дар шаҳри Тарози ин кишвар ҷони худро аз даст доданд. Қаблан Вазорати кишвари Қазоқистон аз кушта шудани танҳо панҷ нафар гузориш дода буд.
НАХУСТИН САФАРИ ХАБАРНИГОРОН БА ФУКУШИМО 12.11.2011 19:18 1292
Бори аввал баъд аз заминларза ва сунамии  мудҳиши рӯзи 11 март дар Ҷопон хабарнигорон аз нерӯгоҳи ҳастаии Фукушимо дидан карданд.
МУДОФЕЪОНИ ҲУҚУҚИ БАШАР ЗИДДИ ИХРОҶИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИИ ТОҶИК АЗ РУСИЯНД 12.11.2011 11:43 1514
Сарвари гурӯҳи москвагии Хелсинки Людмила Алексеева дар як мусоҳибаи худ ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки депортатсияи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар ҷомеъаи Русия эҳсоси бегона - тарсиро, ки бе ин ҳам хеле шиддат ...
КАРОМАТ ШАРИФОВ: «БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ ТАБОДУЛИ МАҲБУСОН СУРАТ БИГИРАД» 12.11.2011 11:41 1482
Дирӯз сарвари Ҷумбиши умумироссиягии «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон» Каромат Шарифов пешниҳод намуд, ки халабонҳои маҳкумшудаи русиро бо шаҳрвандони тоҷик ки дар зиндонҳои Русия маҳбусанд, мушобеҳ ба табодуле, ки байни Исроил ва Фаластин сурат ...
ДАВЛАТИ СУРИЯ БА "ҶИНОЯТ АЛАЙҲИ БАШАРИЯТ" МУТТАҲАМ ШУД 12.11.2011 10:57 810
Дидабони Ҳуқуқи Башар, аз созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар гуфтааст, ки аз ҳафт моҳ пеш то кунун нерӯҳои давлатии Сурия дастикам ҳафтсад тан аз мӯътаризонро дар шаҳри Ҳумс ба қатл расонда ва садҳо нафари дигарро боздошт ва шиканҷа кардаанд ва иқдомоти онон мисдоқи ҷиноят алайҳи башарият ва мусталзими пайгарди байналмилалӣ ....
ДУ ЗАНИ АФҒОН "БА ДАСТИ НАФАРОТИ ТОЛИБОН САНГСОР ШУДАНД" 12.11.2011 10:56 778
Гузоришҳои расида аз Афғонистон ҳокӣ аз он аст, ки афроди мусаллаҳ, ки мақомоти маҳаллии ононро шӯришиёни вобаста ба Толибон донистаанд, як зани бева ва духтарашро дар Ғазнӣ аз хонашон берун кашиданд ва ба иттиҳоми зино, сангсор карданд бе он ки ҳамсоягон барои ҷилавгирӣ аз ин қатл иқдоме карда бошанд.
ОТАШИ ШАМЪ ҶОНИ ПИРАМАРДРО РАБУРД 09.11.2011 21:38 1253
Тавре, ки аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, пирамарди 81-сола Сафарбой Бобоазизов, сокини ноҳияи Исфараи вилояти Суғд  соати 4-и субҳ дар хона ҳангоми истифода бурдани шамъ либосашро аз беэҳтиётӣ месӯзад.