ДАВЛАТИ СУРИЯ БА "ҶИНОЯТ АЛАЙҲИ БАШАРИЯТ" МУТТАҲАМ ШУД
Дидабони Ҳуқуқи Башар, аз созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар гуфтааст, ки аз ҳафт моҳ пеш то кунун нерӯҳои давлатии Сурия дастикам ҳафтсад тан аз мӯътаризонро дар шаҳри Ҳумс ба қатл расонда ва садҳо нафари дигарро боздошт ва шиканҷа кардаанд ва иқдомоти онон мисдоқи ҷиноят алайҳи башарият ва мусталзими пайгарди байналмилалӣ аст.
Ин созмон ёдовар шудааст, ки танҳо аз замони тавофуқи давлати Сурия бо пешниҳоди Иттиҳодияи Араб барои поёни хушунат дар он кишвар дар ҳафтаи гузашта нерӯҳои давлатӣ беш аз яксад нафарро фақат дар Ҳумс куштаанд ва аз ин иттиҳодия хоста узвияти Сурияро лағв ва аз судури қатъномае дар Шӯрои Амният алайҳи ин кишвар ҳимоят кунад.
Дархости Дидабони Ҳуқуқи Башар дар ҳоле интишор меёбад, ки гузоришҳои расида аз Сурия ҳокӣ аз идомаи ҳамалоти артиши Сурия ба бархе маҳаллаҳои Ҳумс ва амалиёти низомӣ алайҳи мӯътаризон дар нуқоти дигари ин кишвар ва ҳамчунин низомиёни фирорӣ аз хидмат ба нерӯҳои давлатӣ ворид кардани талафоте ба онҳост.
Афзоиши шумори низомиёне, ки бо сарпечӣ аз дастури муқобила бо ғайринизомиён, ба мухолифон мепайванданд, нигарониҳоеро дар мавриди тағйири моҳияти эътирозоти мусолиматомез ва бурузи ҷанги дохилии байни тарафдорон ва мухолифони Башор Асад ва такрори вазъияти Либиро дар пай овардааст.
Би-Би-Си