САФОРАТИ ИМА МАКТАБРО БАРҚАРОР МЕКУНАД
27.10.2011 22:03
1201
27 октябри соли 2011 майор Арнел Девид, командири корҳои шаҳрвандӣ ва Уэсли Стронг, сардори гурӯҳи кӯмакрасонии ҳарбӣ-шаҳрвандӣ аз сафорати ИМА дар маросими ифтитоҳи мактаби аз нави таъмиршудаи рақами 10-и деҳаи Лоҷирки ноҳияи Тавилдара...
ХОҲИШМАНДОНИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШ МЕАФЗОЯД
27.10.2011 20:30
940
Аз даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 25 рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, аллакай 49 – 50 фоизи нақшаи даъват таъмин гаштааст.
НОЗИЯ, МЕҲРНИГОР ВА ЗИКРУЛЛОҲ. ДАР “НЕБО СОДРУЖЕСТВА”
27.10.2011 13:52
1184
Ҷашнвораи “Небо содружества” бо иштироки овозхонҳои кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Олим Акрамов, раҳбари кулли ширкати “Базморо”, ки ташкили консертҳо ва сафарҳои ҳунариро бар дӯш дорад, ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ки Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора Нозияи Кароматуллоҳ, Меҳрнигори Рустам ва Зикруллоҳ Ҳакимов намояндагӣ мекунанд.
БОЗДОШТИ ГУРӮҲИ ҚОЧОҚБАРОНИ ӮЗБАК ДАР ТУРСУНЗОДА
26.10.2011 11:34
1119
Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, дар ғарби ин кишвар як гурӯҳи созмонёфтаи қочобари маводди мухаддир боздошт ва аз онҳо 233 килугромм маводди мухаддирро мусодира кардаанд. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Кумитаи амнияти миллии...
МАРШАЛ ФАҲИМ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
25.10.2011 20:02
1234
Интизор меравад, рӯзи чаҳоршанбе Муҳаммадқасим Фаҳим, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон вориди Душанбе шавад. Ин хабарро як манбаъ дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба мо таъйид кард.
«ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН» БЕҲТАРИН БЛОГИ ТОҶИКӢ ДАР ШАБАКАИ ҶАҲОНИИ ИНТЕРНЕТ
25.10.2011 09:37
2736
Тибқи пажӯҳишҳои ахири «Яндекс» дар шабакаи ҷаҳонии Интернет бештар аз як миллион блог мавҷуд аст, ки бо ҳуруфи кириллӣ эҷод шудаанд. Аксари блогнависон ба ҳайси платформа барои ба роҳ мондани минбари интернетии хеш хадамоти Wordpress-ро ...
КОРХОНАИ ПАНБАИ МАРБУТ БА ТӮРАҶОНЗОДА БА КОМИ ОТАШ РАФТ
24.10.2011 14:17
1208
Субҳи рӯзи 24-уми октябр дар корхонаи коркарди панбаи марбут ба Ҳочӣ Акбар Тӯраҷонзода, дар ноҳияи Ваҳдат оташсӯзии бузурге рух додааст. Гурӯҳи оташнишонӣ тавонистааст аз соати се то шаши субҳ оташро дар ин корхона хомӯш кунад, аммо бозрасон мегӯянд ...
“РУСТАМ ВА СӮҲРОБ” БА ТОШКАНД РАФТ
24.10.2011 14:16
1296
Театри русии ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе барои ширкат дар Ҷашнвораи байналмилалии театрии "Theatre.UZ/2011"-и Ӯзбакистон озими шаҳри Тошканд шуд.
ДАР ТУРКИЯ ШУМОРАИ КУШТАШУДАГОНИ ЗИЛЗИЛА АЗ 200 ГУЗАШТ
24.10.2011 12:34
997
Дар зилзилаи шарқи Туркия шумораи ҳалокшудагон ба бештар аз 200 нафар расидааст. Идрис Наим Шаҳим-вазири корҳои дохилӣ таъйид кард, ки шумораии кушташудагон дар шаҳраки Эрҷис ба 117 ва дар шаҳри Вон ба 100 нафар расидааст.
CӮХТОР ДАР КОРХОНАИ ПАХТАИ ҲОҶӢ АКБАР ТӮРАҶОНЗОДА
24.10.2011 12:29
1680
Як корхонаи пахта, воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, ки ба Ҳ.А.Тӯраҷонзода марбут аст, ба коми оташ рафтааст. Ин ҳодиса соати сеи шаби гузашта сурат гирифта, бар асари он ҳудуди 600 баста ё кипи 220-килоии пахта сӯхтааст. Кормандони интизомӣ дар аввалин вокуниш...
СӮХТОР ДАР БОЗОРИ ШАҲРИ ХОРУҒ
22.10.2011 16:15
2112
21-уми октябр соати 11- шаб дар бозори шаҳри Хоруғ сӯхтор ба амал омад. Ҳарчанд хадамоти оташнишонии шаҳр се адад мошини оташнищонӣ ва тамоми ҳайати идораро барои хомӯш кардани ин сӯхтор сафарбар карда бошад ҳам, вале ба онҳо танҳо соати 6-и субҳ муяссар шуд ...
ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН ВОРИДИ ДУШАНБЕ ШУД
21.10.2011 20:29
1036
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико соати 8 шоми рӯзи ҷумъа вориди Душанбе-пойтахти Тоҷикистон шуд. Хонум Клинтонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҳамроҳхон, Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон истиқбол кард.
САРНАВИШТИ НОМАЪЛУМИ САЙФУЛИСЛОМ, ПИСАРИ МУЪАММАР ҚАЗЗОФӢ
21.10.2011 18:45
1143
Сарнавишти Сайфулислом Қаззофӣ, писари Муъаммар Қаззофӣ, ки бисёре ӯро ҷонишини падараш медонистанд, ҳамчунон номаълум аст.
МУАММАР ҚАЗЗОФӢ КУШТА ШУДААСТ
20.10.2011 20:38
1236
Маҳмуд Ҷабраил, нахуствазири муваққати Либия гуфт, Муаммар Қаззофӣ, раҳбари суқуткардаи ин кишвар кушта шудааст. Ӯ дар ки раҳбари шӯрои миллии гузори Либия аст, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Троблус, гуфт, “мо муддати тӯлонӣ мунтазири ин лаҳза будем“.
МУЛОҚОТИ ЛОРИҶОНӢ БО РАИСИ ПОРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН
20.10.2011 20:37
1407
Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон, баъд аз зӯҳри имрӯз (20 октябр) ба манзури анҷоми як дидори дурӯзаи расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дар нахустин рӯзи сафар ба Душанбе оқои Лориҷонӣ бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, мулоқот карда ва масоили марбут ба ҳамкориҳои порлумонӣ ва равобити ду кишварро баррасӣ кардааст.