15:59:42 03-уми Июни 2025 сол

ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁНИ ЗАМИНЛАРЗА БА 26 НАФАР РАСИД

Теъдоди қурбониёни заминларзаи се рӯзи пеш дар шарқи Туркия ба 26 нафар расид. Имрӯз наҷотбахшон аз зери харобаҳои як меҳмонсарои тахрибшудаи шаҳри Ван тани беҷони хабарнигори оҷонси “Доган”-ро берун карданд. Аз ин пеш ҷасади як ҳамкори дигари ӯ ошкор шуда буд. Ҳарду хабарнигор дар феҳристи афроди ғайбзада шомил буданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, миёни қурбониёни офати табиӣ кормандони созмонҳои хайрия низ ҳастанд, ки барои кӯмак ба мардуми аз заминларзаи мудҳиши се ҳафтаи пеш  осебдида омада буданд.  Дар он ҳодиса, ки рӯзи 23 октябр рӯх дод, тақрибан 600 нафар ҷон бохтанд. Мақомоти шаҳри Ван хабар доданд, ки дар заминларзаи ахир беш аз 20 бино, аз ҷумла, ду меҳмонсаро ба замин фурӯ рехтаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854