КУШТА ШУДАНИ ДУ СОКИНИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ТАРМА
Кумитаи умури имзтирории Тоҷикистон аз кушта шудани ду нафар бар асари фаромадани тарма дар шимоли ин кишвар хабар дод. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии ин кумита ҳодисаи фаромадани тарма дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд рух додааст.
Тавре, ки Мунира Назариева, раҳбари ин дафтар мегӯяд, 5 ноябри соли равон ду сокини ноҳияи Масҷоҳи кӯҳӣ зери тарма монданд. Хонум Назариева ҷузъиёти бештари ин ҳодисаро чунин шарҳ дод: “Исмоил Назиров ва Мирзошариф Давлатов дар ағбаи Оббурдон дар наздикии деҳаи Угуки ноҳияи Ғончӣ зери тарма монданд. Гурӯҳи наҷоти кумита, аҷсоди ин афродро 7 ноябр пайдо карданд ва ба пайвандонашон супурданд.”
Хонум Назариева мегӯяд, ки тарма ҳамчунин чаҳор ҳайвони аҳлиро, ки ба ин афрод таъаллуқ доштааст, куштааст. Ин масъули кумитаи умури изтирорӣ мегӯяд, ки хатари фаромадани тарма то баҳори соли оянда вуҷуд хоҳад дошт ва вай ҳушдор дод, ки сокинон ба ҳангоми сафар дар минтақаи душворгузари кӯҳистонӣ бояд эҳтиёт бошанд.
Бар асоси иттилоъи расмӣ дар соли ҷорӣ беш аз 130 нафар аз сокинон дар ҳаводиси табиии мухталиф, аз ҷумла ғарқшавӣ, обхезӣ ва сел ҷонҳои худро аз даст додаанд.
Би-Би-Си