23:15:31 09-уми Июли 2025 сол

ДАЪВАТИ СОЗМОНҲО АЗ РӮЗНОМАНИГОРОНИ ТОҶИКУ РУС

Се созмони хабарнигории Тоҷикистон аз рӯзноманигорони тоҷику рус даъват кардаанд, ки дар инъикоси қазияи халабонҳои рус ва муҳоҷирони тоҷик аз “баёни душманона” худдорӣ намоянд.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Иттиҳодияи хабарнигорон ва “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон дар баёнияи худ гуфтаанд, баҳси халабонҳо дар Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз як қазияи додгоҳиву ҳуқуқӣ ба як баҳси сиёсӣ табдил шудааст.

Ин созмонҳои хабарнигорӣ гуфтаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки баҳси халабонҳову муҳоҷирон идома доад, ҳатто таҳқир ва даъватҳои ифротгароёна ба мушоҳида мерасад. “Ин шароит рӯҳияи бегонаситезӣ дар ҷомеаи Тоҷикистону Русияро эҷод хоҳад кард”,- омадааст дар ин баёнияи се созмони хабарнигории Тоҷикистон.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ