07:55:51 25-уми Августи 2025 сол
ИНТИХОБОТИ ШОҲМАНСУР-3. ҲХДТ БОЗ ҲАМ БАРАНДА 19.12.2011 12:07 1363
Суҳроб Шарифов, номзади ҲХДТ, дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Шоҳмансур-3 баранда эълон шудааст. Ба иттилои Комиссияи марказии итихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзад аз Ҳизби ҳокими Халқи Демократии Тоҷикистон 78,82 дарсади орои интихобкунандагонро касб кардааст.
ДАРГУЗАШТИ РАҲБАРИ КОРЕЯИ ШИМОЛӢ, КИМ ҶОНГ ИЛ 19.12.2011 12:06 1069
Телевизиони Кореяи Шимолӣ дар як "нашри махсус" эълон кард, ки раҳбари ин кишвар Ким Ҷонг Ил дар Пхенян фавтидааст. Вай 69 сол дошт. Хабар дар ҳоле нашр шуд, ки Ким ҳанӯз рӯзи 17-уми декабр ҳангоми сафар дар қатори роҳи оҳан даргузаштааст. Ҳарчанд сабаби дақиқи марги ӯ эълон нашудааст, телевизиони давлатии ....
ИНФИҶОРИ НОРИНҶАК 20 ПОЛИСИ АФҒОНРО МАҶРӮҲ КАРД 18.12.2011 15:29 982
Дар шаҳри Хусти Афғонистон як марди ношинос ба мошин бо кормандони пулис норинҷак андохт ва тақрибан 20 нафарро маҷрӯҳ кард.
ХУРУҶИ ОХИРИН НИЗОМИЁНИ ИМА АЗ ИРОҚ 18.12.2011 15:28 1021
Охирин корвони мошину зиреҳпӯшҳои амрикоӣ субҳи рӯзи якшанбе аз марзи Ироқу Кувайт убур кард. Баъд аз хуруҷи имрӯзаи тақрибан 500 низомӣ ва ҳудуди 110 мошину тонку зиреҳпӯшҳо раванди тарки Ироқ аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ ба поён ёфт.
ВАЗОРАТИ ДИФОЪИ ТОҶИКИСТОН: ҲИНД ИНҶО ЧАРХБОЛ НАДОРАД 16.12.2011 21:10 1079
Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабарҳои мабнӣ бар мустақар шудани чархболҳои низомии Ҳинд дар фурудгоҳи "Айнӣ" дар ҳумаи ҷануби ғарби шаҳри Душанберо рад кард. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки миёни Тоҷикистону Ҳинд дар мавриди истифода аз фурудгоҳи "Айнӣ" ҳеч санаде имзо нашуда ва хабарҳо дар ....
ОҒОЗИ МУСОБИҚОТИ ПАҲЛАВОНИИ ҶАВОНОНИ ОСИЁ ДАР ДУШАНБЕ 16.12.2011 21:09 1058
Нахустин давра аз мусобиқоти варзишҳои зӯрхонаӣ ва паҳлавонии ҷавонони Осиё дар солуни Қасри Тениси шаҳри Душанбе оғоз шуд. Ин мусобиқот, ки дар он варзишгарони ҷавон аз 11 кишвари Осиё ширкат доранд, панҷ рӯз идома хоҳад дошт.
ФУРУДГОҲИ АЙНӢ. РУСИЯ, ҲИНД Ё ҲАР ДУ? 16.12.2011 13:46 1704
Ба навиштаи як расонаи хориҷӣ, Ҳинд дар ҳамкорӣ бо Русия аз фурудгоҳи низомии "Айнӣ" истифода мебарад. Матлаби нашршуда дар сомонаи World Politics Rewiew дар мавриди оғози истифодаи Ҳинд аз пойгоҳи Айнӣ, воқеъ дар 15 км ғарби шаҳри Душанбе ...
ИСТЕЪФОИ СЕ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН 15.12.2011 16:18 1516
Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистон, дархости истеъфои се узви ин маҷлисро пазируфтааст. Бо дархости шахсии худ раҳбари собиқи Истаравшан Муним Холиқов, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров ва раиси ноҳияи Панҷ ...
НАМОЯНДАИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО ИДДАОИ ӮЗБАКИСТОНРО РАД КАРД 15.12.2011 15:55 1383
Як намояндаи парлумони Аврупо иддаои ҷониби Ӯзбакистон мабнӣ бар пуштибонии ӯ аз мавзеъи ин кишвар дар мавриди бунёди нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистонро рад кардааст.
ВАЗИРИ ДИФОИ АМРИКО ВОРИДИ КОБУЛ ШУДААСТ 14.12.2011 13:35 1396
Вазири дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Леон Панетта вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шудааст. Ба гуфтаи расонҳои хабарии байналмилалӣ, Леон Панетта зимни ин сафар бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва мақомоти дигари афғон мулоқот хоҳад кард ва бар тааҳҳудоти кишвараш бо Афғонистон таъкид хоҳад намуд.
БОЗДИДИ Э.РАҲМОН АЗ ОЛМОН ИМРӮЗ БА ПОЁН МЕРАСАД 14.12.2011 13:34 1346
Имрӯз рӯзи охирини боздиди серӯзаи раисиҷумҳури Тоҷикистон  аз Олмон аст. Қарор аст, дар нимаи дуввуми рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел кунад. Эмомалӣ Раҳмон дар пайи Олмон бо як сафари расмӣ ба Украина рафта, сипас ба манзури ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ҳамсӯд озими Маскав хоҳад ....
ҲАФТАНОМАИ "НИГОҲ" ПАНҶСОЛА ШУД 14.12.2011 13:33 1497
14-уми декабр нашрияи «Нигоҳ», аз ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон, панҷсола шуд. Дар ин робита имрӯз бо ширкати аҳли заҳмати рӯзнома, журналистон ва хонандагон ҳамоише барпо мегардад.
ГИРОМИДОШТИ 150 СОЛАГИИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН ДАР КӮЛОБ 13.12.2011 21:05 1601
Имрӯзҳо арҷгузорӣ аз 150 солагии шоири шаҳири Кӯлобӣ, ки бо амри тақдир маркази илм ва фарҳанги тоҷикон Бухороро ҷойи иқомат қарор дода буд, идома дорад. Рӯзи душанбе ҷамъомади бошукӯҳ бо мушорикати раиси ҳукумати шаҳр ва дигар ашхоси расмӣ ...
ТАШХИС МАНСУБИЯТИ ҶАСАДРО БА МУҲОҶИРИ ТОҶИК НИШОН ДОД 13.12.2011 14:38 1125
Ташхиси генетикии ҷасади сарбурида ва сӯхтае, маълум кардааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст. Қаблан низ тахмин мерафт, ин ҷасад, ки моҳи гузашта дар канори як рустои вилояти Ленингради Русия кашф шуд, ба шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон Б. Расулов тааллуқ дорад.
«МУАЛЛИМИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН» МУАЙЯН ШУД 12.12.2011 22:57 1426
Вероника Коробкина, омўзгори фанни забони англисии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Душанбе барандаи озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими соли Тоҷикистон» гардид.