21:02:35 30-уми Июли 2025 сол

ТАРКИШ ДАР ЯК КОРХОНАИ ЧИН 14 НАФАРРО КУШТ

Бар асари таркише дар як корхонаи маводи химиявӣ дар Чин 14 нафар кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.

Як мақоми расмии Чин гуфт, инфиҷор рӯзи шанбе дар корхонаи шаҳри Хинтай дар вилояти Шандонг ба вуқӯъ пайвастааст. Ба навиштаи хабаргузории расмии “Синхуа”, таркиш зимни корҳои тармимӣ дар корхонаи тавлиди меламин сурат гирифтааст, вале олудагии хатарноке аз корхона хориҷ нашудааст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ